02:35 07 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
25410

Гуруҳи таъиноти махсуси пулиси Афғонистон Муфтӣ Узбек, роҳбари ҷангиёни “ДОИШ” дар шимоли Афғонистон ва Осиёи Марказиро нобуд кардааст

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Муфтӣ Узбек, роҳбари ҷангиёни “ДОИШ” дар шимоли Афғонистон ва Осиёи Марказӣ зимни як амалиёти нерӯҳои махсуси пулиси Афғонистон кушта шуд, хабар додааст хабаргузории “Хома Пресс”.

Ба иттилои манбаъ, Муфтӣ Узбек масъули идораи фаъолияти террористҳо дар шимоли Афғонистон ва паҳнсозии фаъолияти созмони террористии “ДОИШ” дар Осиёи Марказӣ будааст.

Манбаъ афзудааст, ки Муфтӣ Узбек ҳамроҳи се шарикаш аз созмони террористии “ДОИШ” дар минтақаи Даҳанаи Ғорӣ маҳв карда шуд.

Дар ҳамин ҳол ахиран Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури Афғонистон гуфт,  Ҳукуматаш барои оштӣ бо ҳаракати радикалии "Толибон" (мамнӯъ дар Тоҷикистон ва Русия) омода аст. Ғанӣ таъкид кардааст, ки ҳукумати кишвараш омода аст, тамоми тавсияҳои қарордоди Луи Ҷиргаро дар мавриди сулҳ иҷро кунад.

Намояндагони Луи Ҷирга аз ҳукумати кишварашон хостаанд, ки аз аввалин рӯзи Рамазон ба мухолифин дасти оштӣ дароз кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ