11:54 23 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия, акс аз бойгонӣ

Таъсиси сохтори наву хатарҳо аз Афғонистон: Ватанзода ва Патрушев амниятро баррасӣ карданд

© Sputnik / Сергей Гунеев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
453 0 0

Маҳмадалӣ Ватанзода, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон бо ҳамтои русиягияш Николай Патрушев дар мавриди густариши ҳамкориҳо табодули афкор намуданд

ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти котиби Шӯрои амнияти Русия, мулоқот дар ҳошияи ҳамоиши дабирони амнияти кишварҳои СҲШ дар шаҳри Бишкек баргузор шуд.

Ба иттилои манбаъ, Патрушев аз мавқеи яксони Русия ва Тоҷикистон дар масоили мубрами минтақавию ҷаҳонӣ зикр кардааст.

Ватанзода ва Патрушев инчунин ҳамкориро дар пасманзари муташанниҷ шудани вазъ дар Афғонистон ва таҳдидҳо аз ин кишвар ба амнияти минтақаро баррасӣ намудаанд.

Дабири кулли Русия дар ҳамоиши Бишкек инчунин хостори ташкили як Маркази универсалии мубориза бо таҳдидҳои ҷаҳонӣ дар доираи СҲШ шуда, зикр кардааст, ки пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар мавриди ташкили Маркази ягонаи СҲШ барои мубориза бо маводи мухаддир дар Душанбе метавонад, як бахши ин сохтори универсалӣ бошад.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури  Тоҷикистон соли 2018 дар ҳамоиши сарони кишварҳои СҲШ дар Чиндаои Чин пешниҳод карда буд, ки “барои мубориза бо терроризм ва экстремизм, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳ ва пешгирии паҳнкунии идеологияи радикалӣ,  сохтори алоҳида — стратегияи зидди маводи нашъаовари Созмони Ҳамкории Шанхай ва Барномаи амал оид ба иҷрои он таъсис дода шавад”.

Мавзӯъҳои асосӣ