14:32 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро

Раҳимзода бо намояндаи воломақоми Урупо амниятро баррасӣ кард

Пресс-служба президента Таджикистана
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
111 0 0

Вазири тоҷик бо намояндаи Урупо масъалаҳои таъмини амният ва ҳамкориҳоро дар мубориза бар зидди ҷинояткориро баррасӣ намудаанд

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон бо муовини Котиби генералӣ оид ба сиёсати умумии амният ва мудофиа, эътино ба ҳолатҳои буҳронии хадамоти Урупоии робитаҳои беруна, ҷаноби Педро Серрано дидору мулоқот кард.

Ба гузориши равобити умумии ВУД, зимни вохӯрӣ вазири корҳои дохилӣ  ҷаноби Педро Серраноро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо итминони комил изҳор дошт, ки вохӯрии имрӯза самарабахш буда, қадами устуворе дар ҳамкориҳои минбаъда хоҳад буд.

Зикр гардид, ки Конвенсияи Урупоӣ оид ба пешгирии терроризм, ки соли 1977 дар Страсбург ба имзо расидааст, аз ҷониби Тоҷикистон тасдиқ гардида, дар доираи он ҳамаи масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мазкур бо Иттиҳоди Урупо баррасӣ карда мешаванд.

Раҳмон гуфт Тоҷикистон бо ҳадафҳои пасипардагии тундгароён хуб ошно ҳаст

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таъмини амният ва ҳамкориҳоро дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ баррасӣ намуда, ҷиҳати рушду густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд як қатор таклифу пешниҳодҳои баён намуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ