04:42 20 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Пограничный пункт, архивное фото

Боз баҳс дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: ин дафъа барои истифодаи сарой

© Sputnik
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
609 0 0

Хадамоти марзӣ қайд кардааст, ки ин қитъаи маҳаллӣ муайян карда нашудааст, аммо амалан аз ҷониби қирғизҳо истифода мешудааст. Сокинон хостаанд, ки дари шикастаро таъмир кунанд, аммо марзбонони тоҷик онҳоро ба бино роҳ надодаанд. Дар натиҷа байни сарҳадбонон радду бадал сар шудааст

ДУШАНБЕ, 21 мая — Sputnik. Байни марзбонони Тоҷикистон ва сакинони Қирғизистон барои истифодаи анбор муноқиша сар зад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Хадамоти марзи давлатии Қирғизистон.

Бино бар иттилои манбаъ, қазия 20 май дар деҳоти Қарабоқи вилояти Ботканд сурат гирифт.

"Чанд нафари ношинос дари саройеро шикастанд, ки дар он асбобу анҷоми шаҳрвандони Қирғизистон нигоҳ дошта мешуд. Худи анбор дар 5-6 метрии хати шартии марзи давлатӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой гирифтааст", - гуфта мешавад дар хабар.

Хадамоти марзӣ қайд кардааст, ки ин қитъаи маҳаллӣ муайян карда нашудааст, аммо амалан аз ҷониби қирғизҳо истифода мешудааст. Сокинон хостаанд, ки дари шикастаро таъмир кунанд, аммо марзбонони тоҷик онҳоро ба бино роҳ надодаанд. Дар натиҷа байни сарҳадбонон радду бадал сар шудааст.

Ба ҷои ҳодиса дарҳол марзбонони қирғиз расидаанд ва дар натиҷаи гуфтушуниди ҷонибҳо марзбонони тоҷик ба қирғизҳо иҷоза додаанд, ки дарро таъмир кунанд ва истифода баранд.

Ҷонибҳо бо сокинони маҳаллӣ сӯҳбат карда, таъкид намудаанд, ки дубора ба ҳолатҳо роҳ надиҳанд.

Пештар таниш дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон шоми 13 март баъди он сар шуд, ки ба гуфтаи мақомоти тоҷик ҷониби Қирғизистон бархилофи созишҳои қаблӣ сохтмони роҳи баҳсии Оқсой - Тамдиқро оғоз кард ва ин боиси норозигии шаҳрвандони Тоҷикистон гардид.

Бино бар иттилои расмӣ, дар ин задухӯрдҳо ду шаҳрванди Тоҷикистон кушта ва бештар аз 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Аз ҷониби Қирғизистон ба иттилои мақомоти ин кишвар 3 нафар осеб дидаанд.

Тафтишоти қазия идома дорад ва мақомот ваъда додаанд, ки гунаҳкорони ҳодиса муҷозот мешаванд.

Мавзӯъҳои асосӣ