07:59 20 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Аробаҳои тиббӣ, акс аз бойгонӣ

Задухӯрдҳои мусаллаҳона дар Хатлон: КДАМ аз 4 кушта хабар дод - видео

CC0 / Pixabay
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
6246 0 0

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон тайи ду рӯзи охир тариқи телевизионҳои давлатӣ аз ду даргирии маргбор дар қисмати наздисарҳадии вилояти Хатлон бо Афғонистон гузориш дод

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Тибқи гузориши КДАМ,  як задухӯрди мусаллаҳона ҳафтаи гузашта, 14 май сурат гирифта, дар пайи он ду қочоқчии афғон - Одина валади Муъмин ва Муъҷиб валади Абдумамад кушта шуданд.

“Аз ҷои ҳодиса як автомат, 150 дона тир ва зиёда аз 83 кило маводи мухаддир дарёфту мусодира гардид”, - хабар дод КДАМ.

Манбаъ афзуд, ки инчунин 14 апрели соли равон гуруҳи 8-нафарии қочоқбарон дар мавзеи Себбанди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин қасди интиқоли маводи мухаддири зиёд ба Тоҷикистон кардаанд.

Ба гузориши КДАМ, қочоқбарон ба амри сарҳадбонон итоат накарда, оташ кушодаанд, ки дар натиҷаи задухӯрд 2 қочоқчӣ – роҳбари гуруҳ Назирмад валади Ашӯрмади 37-сола ва Аминуллоҳ валади Ҳабибуллоҳи 38-сола дар ҷои ҳодиса кушта шудаанд.

Манбаъ илова намуд, ки Абдуманон валади Абдулатиф зимни задухӯрд ҷароҳати вазнин бардошта, аъзои дигари гуруҳ аз торикии шаб истифода намуда, фирор кардаанд.

“Аз ҷои ҳодиса як силоҳи оташфишон ва 130 кило маводи мухаддир мусодира шуд”, - иттилоъ дод КДАМ.

Дар маҷмуъ Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъкид кардааст, ки давоми 4 моҳи соли равон дар минтақаи марзии ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Шамсиддини Шоҳин се ҳолати қасди қочоқ ошкор карда шуд. Дар натиҷа 305 кило маводи мухаддир, ду силоҳи оташфишон мусодира гардида, 8 шаҳрванди Тоҷикистон ва 2 қочоқбари Афғонистон боздошт гардида, 4 нафар ба далели муқобилият дар ҷои даргирӣ безарар гардонда шудаанд, гузориш дод КДАМ.  

Ин ниҳод таъкид кард, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаҳои ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ