10:11 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Сергей Шойгу

Шойгу вазъ дар марзи кишварҳои ИДМ-ро ваҳим хонд

© Sputnik / Сергей Гунеев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
373 0 0

Вазири дифои Русия гуфт, ки вақтҳои ахир таҳдидҳо ба мустақилияти кишварҳои ИДМ воқеитар мешаванд

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Вазъи сиёсиву низомӣ дар марзҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил бисёр муташанниҷ  аст, гуфт вазири дифои Русия Сергей Шойгу дар рафти нишасти Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви ИДМ дар Анапа.

Шойгу ёдрас шуд, ки вақтҳои ахир таҳдидҳо ба мустақилияти кишварҳои ИДМ воқеитар мешаванд.

"Бо дарназардошти гароишот дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ вазъи сиёсиву низомӣ дар марзи кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил бисёр муташанниҷ аст. Дар ин шароит таҳдидҳо ба мустақилияти кишварҳои ИДМ воқеитар мешаванд", - гуфт вазири рус.

Шойгу таъкид кард, ки барои мубориза бо ин таҳдидҳо қувваи дастаҷамъонаи кишварҳо муҳим аст.

Ӯ афзуд, ки нишасти визирони дифоъ ҳамкориҳои узви шӯроро тақвият бахшида, имкон медиҳад, гӯфтугӯи созанда ба миён ояд.

"Шӯрои вазирони дифоъ ҳамкориҳои бисёрҷонибаи низомиро дар формати ИДМ қадам ба қадам тақвият мебахшад. Ин дар ҳолест, ки ҳам дар минтақа ва ҳам дар ҷаҳон вазъи геополитикӣ бесубот аст", - гуфт Шойгу.

Ба гуфтаи вай, ИМА фишорҳои низомӣ ва иқтисодиашро дар тамоми ҷаҳон тақвият хоҳад бахшид ва аз изҳоротҳояш дар мавриди ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои мушакҳои ҳастаӣ даст хоҳад кашид.

Шойгу дар баромадаш аз фаъолияти бесобиқаи НАТО ёдрас шуд, ки ба фишори иттилоотии ҷаҳонӣ машғул аст ва таҳдид мекунад, ки аз силоҳ истифода хоҳад бурд.

Мавзӯъҳои асосӣ