02:49 22 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Памир, архивное фото

ВУД ба сокинони Шуғнон: бо сарҳадбонон ҳамкорӣ кунед

© Sputnik / Амир Исаев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
371 0 0

Кормандони мақомоти қудратӣ аз сокинони ноҳияи Шуғнони ВМКБ даъват кардаанд, ки бо марзбонон ҳамкории зич дошта бошанд.

ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Шуғнон мулоқоти навбатии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо фаъолон ва аҳли ҷамоатчигӣ баргузор гардид.

Бино ба гузориши ВУД, вохӯрӣ бо ибтикори роҳбарияти Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар ВМКБ баргузор гардидааст.

Гуфта мешавад, ки ҳадафи аслии он таъмини волоияти қонун, риояи тартибу низом, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву ифтихори миллӣ дар байни наврасону ҷавонон ва дар ҳамин руҳия тарбия намудани ин насли ояндасоз мебошад.

Сардори ШВКД дар ноҳияи мазкур зимни баромади худ қайд намудааст, ки гузаронидани чунин мулоқоту вохӯриҳо бо сокинон натиҷаи дилхоҳ ба бор оварда дар самти пешгирии ҷинояткорӣ ва роҳ надодан ба амалҳои зишт мусоидат мекунад. 

Иттилоъ дода мешавад, ки кормандони милитсия бо сокинони ноҳия пайваста корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, натиҷа ин аст, ки сатҳи ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Манбаъ афзуда, ки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки мардуми ноҳияи Шуғнон амиқан дарк намуданд, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯ дар аксари маврид аз ҷавонони ноогоҳ истифода мебаранд ва манфиатҳои ғаразноки худро амалӣ намудан мехоҳанд, ки кулли сокинон ин амали онҳоро маҳкум менамоянд. 

"Намояндаи амнияти ноҳияи Шуғнон суханронӣ намуда, аз сокинон даъват ба амал овард, ки бо сарҳадбонон ҳамкориро зич ба роҳ монанд",-омадааст дар хабарнома.

Баромадкунандагон таъкид кардаанд, ки ҳимояи марзу буми кишвар дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам қарз ва ҳам фарз буда, мактаби бузурги мардонагӣ мебошад. Онҳо пос доштани арзишҳои миллиро вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шахси бонангу номуси кишвар гуфтаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ