09:04 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев, архивное фото

Патрушев: Русия барои таҳкими артиши Тоҷикистон кумак хоҳад кард

© Sputnik / Сергей Гунеев
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
139 0 0

Николай Патрушев, раиси Шӯрои амнияти Русия эълон кард, ки вазорати дифои кишвараш дар пасманзари таҳдидҳои террористӣ аз сӯи Афғонистон ба мақомотҳои қудратии Тоҷикистон кумак хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Русия дар пасманзари таҳдидҳои террористӣ аз сӯи Афғонистон ба кишварҳои ҳамсуд ба артиш ва хадамотҳои амниятии Тоҷикистон кумак хоҳад, эълон намудааст Николай Патрушев, раиси Шӯрои амнияти Русия, ҳангоми суханрониаш дар шаҳри Бишкек дар ҷаласаи сарони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД.

“Русия аз тарафи худ тариқи Вазорати дифоъ ва хадамотҳои амниятӣ, мақомотҳои амниятии Тоҷикистонро пурзур хоҳад кард. Аз ҷумла Русия кумакҳои худро ҳангоми роҳандозии барномаи навсозии артиши ҷумҳурӣ роҳандозӣ хоҳад кард”,- таъкид кард Патрушев.

Дар пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек ҷаласаи сарони Шӯрои амнияти кишварҳои узви СПАД ҷараён дорад.

Дипломати Русия дар Душанбе: 10 000 ҷангҷӯи омодаи убури марз дар Афғонистон ҷамъ шудаанд

Дар ҷаласаи мазкур ҳашт масоили гуногун вобаста ба ҳар соҳаи фаъолияти ташкилот баррасӣ хоҳад шуд. Аз ҷумла дар ҷаласаи мазкур чораҳо дар бораи коҳиши шиддати вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, барномаи роҳандозии Стратегияи глобалии зиддитеррористии СММ барои солҳои 2019-2021 ва чораҳои муқовимат бар зидди терроризм ва экстремизми байналмилалӣ дар доираи СПАД баррасӣ хоҳанд шуд.

Таъсиси сохтори наву хатарҳо аз Афғонистон: Ватанзода ва Патрушев амниятро баррасӣ карданд

Қаблан Алимбек Султонов, дабри кулли СПАД эълон намуда буд, ки таҳдиди амалҳои террористӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба маротиб афзоиш ёфтааст.

Қаблан Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, гуфта буд, ки дар ҷаласаи Бишкек ба роҳбарони кишварҳои ИДМ барои пурзур намудани марзи Тоҷикистону Афғонистон чораҳои дақиқ пешниҳод карда мешавад.

Барчаспҳо:
Афғонистон, марз, амниятӣ, пурзур, кумаки техникӣ, кумак, артиш, Русия, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ