19:45 19 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Либоси занона, акс аз бойгонӣ

Боздошти масъули “ДОИШ” бо либоси занона, ки дигаронро ба эъдом ҳукм мекард

© AFP 2019 / TAUSEEF MUSTAFA
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
31701

Вазорати умури дохилии Ироқ аз боздошти масъули судури ҳукми эъдом дар ташкилоти террористии ДОИШ хабар дод

ДУШАНБЕ, 7 июл - Sputnik. Саъд Маан, сухангӯи Вазорати умури дохилии Ироқ иттилоъ дод, ки нерӯҳои полис дар вилояти Найнаво, бар асоси иттилооти дақиқ ва бо ҳамкории шаҳрвандони ироқӣ яке аз афроди вобаста ба ДИИШ-ро, ки бо либоси занона худро пӯшонда ва махфӣ карда буд, ба дом андохтанд.

Бар асоси баёнияи Вазорати дохилии Ироқ, ин террористи диишӣ дар додгоҳи ба истилоҳ шаръии ДОИШ фаъолият мекард ва масъули тавба додан ва судури аҳкоми эъдом дар ҳаққи шуморе аз шаҳрвандон ва нерӯҳои амниятии Ироқ дар замони сайтараи ДОИШ бар шаҳри Мусил будааст, хабар додааст “Парстудей”.

Сухангӯи Вазорати дохилии Ироқ гуфт, ки ин террористи ироқӣ дар яке аз сохтмонҳои таркшудаи рустое дар ҷануби шаҳри Мусил ба доми нерӯҳои ироқӣ афтодааст.

“ДОИШ”, созмони террористие мебошад, ки тайи чанд сол манотиқи зиёди Ироқу Сурияро ишғол карда буд. Ҷангҷӯён аз кишварҳои гуногун бо шеваҳои мухталиф ба ин созмони террористӣ пайвастанд, ки теъдодашон ба даҳҳо ҳазор расида буд, аммо ахиран дар пайи муқовимати байналмилалӣ ин созмони террористӣ ба шикаст мувоҷҷеҳ шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ