Дар Душанбе ҷинояткори махсусан хавфнок ҷустуҷӯ мешавад

© Sputnik / Стас ЭтвешМилиционеры на дороге, архивное фото
Милиционеры на дороге, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти милитсияи Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад, ки барои дастгир кардани ҷинояткори махсусан хатарнок мусоидат намоянд

ДУШАНБЕ, 18 июл - Sputnik. Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон хоҳиш намудааст, ки дар дастгир намудани ҷинояткори касбӣ ва хавфнок кумаку мусоидат намоянд.

Зодаи шаҳри Душанбе, Акмал Алиматови 31-сола мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст, хабар медиҳад сомонаи расмии милитсияи пойтахт.

© акс аз сомонаи РВУД дар шаҳри ДушанбеҶинояткори махсусан хавфнок
Дар Душанбе ҷинояткори махсусан хавфнок ҷустуҷӯ мешавад - Sputnik Тоҷикистон
Ҷинояткори махсусан хавфнок

Ин шахс қаблан дар Тоҷикистону Русия барои содир намудани ҷиноятҳои авбошӣ, ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатӣ, роҳзаниву ғоратгарӣ маҳкум шудааст.

Гуфта мешавад, айни замон номбурда барои содир намудани ҷинояти махсусан вазнини муқобили саломатии инсон равонагардида гумонбар дониста шуда, дар ҷустуҷӯ қарор дода шудааст.

"Вобаста ба ин, мақомоти милитсияи пойтахт аз кулли шаҳрвандон хоҳиш менамояд, агар нисбати ин шаҳрванд ягон иттилое доранд, ба рақамҳои телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00 ва ё милитсияи маҳалли зисти худ (02) хабар диҳанд", - омадааст дар маълумоти РВКД Душанбе.

Зимнан зикр мегардад, ки шаҳрвандоне, ки барои дастгир намудани ин ҷинояткори хавфнок мусоидат мекунанд, мукофотонида мешаванд.

Эълони ҷустуҷӯи Гулнигор, Саймурод ва Суннатулло тариқи телевизион - видео

Лентаи хабарҳо
0