Раҳимзода гуфт, Раҳмон аз кори қудратиҳо розӣ аст

Обуна шудан
Ин нуктаро вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҷаласаи мушовараи ВКД дар шаҳри Кӯлоб қайд кард

ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар ҷаласаи мушовараи ВКД, ки дар шаҳри Кӯлоб баргузор шудааст, гуфтаааст, ки  Эмомалӣ Раҳмон аз баргузории сатҳи баланди чорабиниҳо, бахусус таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти меҳмонон дар рӯзҳои Саммит изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Дар идомаи суҳбат Раҳимзода гуфтааст, дар шаш моҳи аввали соли 2019 як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсӣ аз ҷумла, конференсияи сатҳи баланди “Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккил”, рӯзҳои 16-17-уми майи соли 2019 ва Саммити 5-уми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, рӯзҳои 14-15-уми июни соли 2019 дар шаҳри Душанбе баргузор гардиданд, ки обрӯ ва нуфузи Тоҷикистонро боло бурданд.

"Эмомалӣ Раҳмон аз баргузории сатҳи баланди чорабиниҳо, бахусус таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти меҳмонон дар рӯзҳои Саммит изҳори қаноатмандӣ карда, миннатдории худро ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ расониданд", - гуфтааст Раҳимзода.

Кохир Расулзода, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Розигии Раҳмон аз кори Расулзода ва роҳбарони Душанбе

Сипосгузории Эмомалӣ Раҳмон аз сокинон ва ронандагони Душанбе

Гуфта шудааст, ки дар давраи ҳисоботӣ дар доираи дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Президенти мамлакат вобаста ба фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ бар меоянд, корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. 

Раҳимзода Рамазон камбудию норасоиҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима қарор дода, ба тамоми сохторҳои мақомотҳои корҳои дохилӣ ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва дигар ҳолатҳои қонуншиканӣ дастуру супоришҳои мушаххас додааст.

Манбаъ афзуда, ки дар идомаи ҷаласаи Мушовараи ВКД вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2019 сардори Раёсати нозиротӣ-ташкилии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич муфассал баромад намудааст.

Ёдовар мешавем, ки 15 июни соли равон дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе панҷумин Саммити сарони давлатҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор шуд.

Хайр то дидор: саммити шашуми МҲТБО соли 2022 баргузор мешавад

МҲТБО форуми байнидавлатӣ буда, соли 1992 ғояи таъсиси он аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон пешниҳод гардидааст. Фаъолияти он ба фароҳам овардани шароит барои муколама, қабули қарорҳо ва татбиқи тадбирҳо дар самти таъмини амният дар Осиё равона мебошад.

То имрӯз 27 давлат — Тоҷикистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Баҳрайн, Бангладеш, Ветнам, Миср, Исроил, Ҳиндустон, Урдун, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қатар, Камбоджа, Чин, Ҷумҳурии Корея, Қирғизистон, Муғулистон, Аморати Муттаҳидаи Араб, Покистон, Фаластин, Россия, Таиланд, Туркия, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка  аъзои МҲТБО мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0