03:23 21 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Заброшенные жилые дома в приграничном с Таджикистаном селе. Архивное фото

Ҳудуди 600 нафар сокинони маҳали даргир дар марзро ба ҷойҳои амнтар интиқол доданд

© Sputnik / Эмиль Садыров
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (69)
881 0 0

Пас аз тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 600 нафар сокинонро аз макони ҳодиса ба ҷойҳои бехатар интиқол доданд

ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Беш аз 600 сокини маҳали даргир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба дигар ҷой интиқол дода шуданд, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости бо истинод ба хабари Ҷунбиши байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Бар хабари манбаъ, айни  замон аксари сокинони кӯчдода дар хонаи хешу пайвандонашон ба сар мебаранд.

Тирпарронии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Гуфта мешавад бештари сокинони деҳаи Оқсойро дар бинои макотиб дар ноҳияи Боткенд ҷой доданд.

Ёдрас мешавем, ки рӯзи 22 июли соли 2019  сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, дар симчуби ҳудуди ҷамоати Ворух парчамиТоҷикистонро овезон намуданд.

Ҷасади Абдуҷалол, қурбонии муноқишаи марзӣ ба хок супорида шуд

Тахминан соати 16:35 дақиқа, шаҳрвандони Қирғизистон монеа шуда,  худсарона заминро кофта, навиштаҷоти "Оқсой" ва парчами кишварашонро насб карданд.

Ба гузориши КДАМ, азбаски шаҳрвандони Қирғизистон ин амали худро дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом доданд, сокинони Ворух ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омад.

Бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди ҶТ сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ  шуданд.

Инчунин, дар пайи сангпартоӣ 7 шаҳрванди ҶТ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.

Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (69)
Барчаспҳо:
Қирғизистон, Тоҷикистон, марз, сокинон, кӯчонидан

Мавзӯъҳои асосӣ