02:03 18 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Сооронбой Жээнбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон, акс аз бойгонӣ

Ҷаласаи махсуси марзии Жээнбеков ва гузориши котиби Шӯрои амният: 2 президент фаъол шуданд

Министерство обороны РФ
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
2365 0 0

Сооронбой Жээнбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон бо даъвати ҷаласаи махсус барои таъмини амният дар марз таҳкими ҳамкорӣ бо ҳамсояҳо ва пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳиро таъкид кард

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон, Жээнбеков таъкид кардааст, ки бояд мушкили иқтисодию иҷтимоии сокинони наздимарзӣ бартараф гардад ва инфрасохтори хуб муҳайё шавад.

“Таҳкими амнияти марз, ҳамкории сарҳадӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва муҳайё сохтани зиндагии шоиста барои сокинони навоҳии наздимарзӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ мемонад”, - изҳор доштааст раисиҷумҳури Қирғизистон.

Ӯ таъкид намудааст, ки дар ҳалли масоили навоҳии наздимарзӣ бояд тамоми шохаҳои ҳокимият фаъолона иштирок кунанд ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сокинони наздимарзӣ бояд густариш ёбад.

Дар пайи ҷаласаи махсуси марзӣ бо ҳузури раисиҷумҳур Дамир Сагинбоев, дабири Шӯрои амнияти Қирғизистон ба рӯзноманигорон ҳисобот дод, ки вазъ дар марз бо Тоҷикистон таҳти назорати бевоситаи Жээнбеков қарор дорад. Ӯ изҳор доштааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар барои таҳқиқи ҳаводиси ахири марзӣ ва муҷозоти гунаҳкорон тақрибан ба мувофиқа расидаанд.

“Роҳ кушода, вазъ муътадил аст. Бо сокинони наздимарзӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ пайваста давом доранд”, - изҳор дошт Сагинбоев дар пайи ҷаласаи махсуси назди раисиҷумҳур.

Котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон таъкид кардааст, ки бори нахуст тайи ду соли охир кори гуруҳи байниҳукуматӣ ба бархе пешравиҳо ноил шуд. Ӯ таъкид намудааст, ки гуфтушунид миёни Душанбе ва Бишкек дар сатҳи роҳбарони давлатҳо фаъол шудааст.

Ин дар ҳолест, ки 26 июл мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизистонияш дар минтақаи наздимарзӣ дар назар аст.

Мавзӯъҳои асосӣ