16:50 06 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
484 0 0

Маркази исломшиносии Тоҷикистон 576 китоб, 47 фитаву сабт, 173 саҳифаи дастнависеро, ки аз ибодатгоҳҳои муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 – и Сарраёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфт шуданд, мавриди омӯзиш қарор додааст

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Файзулло Баротзода, раиси Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ин мавод дар пайи ҳодисаҳои нохуш аз зиндонҳои Хуҷанду Ваҳдат ба даст омадаанд.

“Мо мӯҳтавои онҳоро омӯхта, хулосаҳои худро пешниҳод намудем. Дар иртибот бо фаъолиятҳои номатлубе, ки дар дохили маҳбасхонаҳои мо вуҷуд дорад, мо бо иттифоқи вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ як идда тадобири густардаро рӯи даст гирифтем, ки дар ҳоли ҳозир онҳоро ба далели махфӣ будан наметавонем фош кунем ва аз ин зиёд чизе ҳам гуфта наметавонем”, - изҳор дошт .

Вақте рӯзноманигорон аз раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон тавзеҳоти бештар хостанд, вай гуфт, аксари ин китобҳо бо иҷозати расмӣ дар чопхонаҳои кишвар нашр шудаанд, вале дар дохили ин китобҳо матнҳое хатарнок барои амнияти мардуму кишвар ширеш ва насб шудаанд.

“Муқова дигар асту дар дохилаш китоби дигар ширеш шудааст. Мазмун бо номи китоб мувофиқат намекунад. Аммо аксари онҳо китобҳои бо иҷозаи расмӣ чопшуда буданд, ки мо баргардондем. Сирри тафтишотӣ аст. Ҷамъбаст, ки шуд, албатта, тавзеҳоташро ба ҷомиа пешниҳод мекунем” – афзуд Файзулло Баротзода.

Бино ба иттилои Маркази исломшиносии Тоҷикистон, дар шаш моҳи соли равон вазорату кумитаҳо ва дигар муассисаҳои давлатӣ 127 фита, 413 саҳифаҳои интернетии дорои матну аксҳои гуногун, 1 планшет, 4 телефони мобилӣ, 13 хотираи беруна – “флешка”, 3 диски сахт пешниҳод гардид, ки кормандони Марказ ба ҳамаи онҳо хулосаҳои коршиносии худро ирсол намудаанд.

Ҷамъоварию ташхиси китобҳо аз маҳбасҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки тайи моҳҳои охир дар зиндонҳои кишвар ду ошӯб сар зад, ки даҳҳо кушта барҷой гузошт.

Мавзӯъҳои асосӣ