22:47 25 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Местные жители и сотрудники МВД на кыргызско-таджикской границе в Баткенской области. Архивное фото

Вазир гуфт, кӣ мехоҳад вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро ноором кунад

© Фото / Зульфия Тургунова
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (58)
904 0 0

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, киҳо дар ноором кардани вазъияти марзӣ манфиатдоранд

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин имрӯз зимни нишасти матбуотӣ гуфт, гурӯҳҳое ҳастанд, ки аз ноором кардани вазъият дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон манфиатдоранд.

Вазири корҳои хориҷӣ гуфт, масъалаи аломатгузорӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон таърихи тӯлонӣ дорад бисёр печида аст, вале сафари кишвардорон ба назди мардуми наздимарзӣ, моҳияти зиёд дорад.

"Гуфта наметавонам гурӯҳҳои сеюм ба ноором кардани вазъи миёни Тоҷикистону Қирғизистон даст доранд ё не, вале мо медонем гурӯҳҳое зиёде ҳастанд, ки манфиатдоранд дар ин минтақа нооромӣ бошад", - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.

Назорат дар марз пурзӯр мешавад

Сироҷиддин Муҳриддин афзуд, ки чунин гурӯҳҳо бо фасодкорӣ машғуланд. 

"Мо наметавонем расман ягон кишварро дар нотинҷ кардани вазъи марзӣ гунаҳкор кунем", - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти хабарӣ.

Муноқиша дар марз

Шарҳи вазир дар ҳолест, ки бино ба гузориши КДАМ, рӯзи 22 июли соли 2019  сокинони ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара дар ҷараёни омодагиҳо ба сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Исфара ва мулоқоти ӯ бо Президенти Қирғизистон ба корҳои ободонӣ машғул гардида, дар симчуби ҳудуди ҷамоати Ворух парчамиТоҷикистонро овезон намуданд.

Тахминан соати 16:35-и ҳамон рӯз дақиқа, шаҳрвандони Қирғизистон  монеа шуда,  худсарона заминро кофта, навиштаҷоти "Оқсой" ва парчами кишварашонро насб карданд.

Тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: як кушта ва 16 захмӣ

Ба гузориши КДАМ, азбаски шаҳрвандони Қирғизистон ин амали худро дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон анҷом доданд, сокинони Ворух ба онҳо мухолифат карданд. Дар натиҷа миёни сокинони ду кишвар муноқиша ба амал омад.

Бар асари тирпарронӣ 1 нафар шаҳрванди ҶТ сокини ҷамоати Ворух Қараев Ҷалол, соли таваллудаш 1967 ба ҳалокат расида, 3 нафари дигар маҷрӯҳ  шуданд.

Инчунин, дар пайи сангпартоӣ 7 шаҳрванди ҶТ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ба беморхона интиқол ёфтанд.

Задухӯрди милисаҳои қирғиз бо сокинони кишварашон дар марз бо Тоҷикистон

Пас аз ин Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ва Жениш Разоқов, муовини нахуствазири Қирғизистон вобаста ба муноқиша ва тирпарронии ахир дар марзи ду кишвар мулоқот намуданд.

Онҳо ба хулоса омаданд, ки мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша ва тирпарронӣ дар марзро якҷоя санҷиш мекунад.

Тоҷикистону Қирғизистон дар якҷоягӣ тирпарронӣ дар марзро санҷиш хоҳанд кард

Пас аз пошхӯрии иттиҳоди Шӯравӣ, масъалаи тақсими марз ба яке аз проблемаҳои умдаи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ табдил ёфт.

Баъзе аз навоҳии вилояти Суғди Тоҷикистон, ки шимоли ин  кишвар маҳсуб мешавад бо Қирғизистон ҳамсарҳад аст, вале хатти марз, барои сокинони ин ду кишвар то ба имрӯз муайяну мушахас нашудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди  970 километр марзи муштарак доранд, ки 50 % и он ҳанӯз  аломатгузорӣ нашудааст. Чунин номуайянӣ ба низову бархурдҳо миёни сокинони оддӣ ва сарҳадбонони ин ҷумҳуриҳо боис мешавад.

Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (58)
Барчаспҳо:
марз, Сооронбой Жээнбеков, Эмомалӣ Раҳмон, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ