22:46 23 августи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.72
  • RUB0.15
Кресло судьи

Русия 36 ҷинояткори тоҷикро дасгир карда, онҳоро ба кишвар истирдод хоҳад кард

© Sputnik / Руслан Кривобок
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
378 0 0

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия ҷинояткороне, ки дар вилояти Суғд барои содир намудани ҷиноят ҷустуҷӯ мешаванд, дар қаламрави Русия боздошт намуда ва онҳоро ба Тоҷикистон истирдод хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Раёсати ВУД Тоҷикистон дар вилояти Суғд эълон намудааст, ки 36 сокинони вилояти Суғд, ки дар содир намудани ҷиноят гумонбар дониста мешуданд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дасгир шуда, дар марҳилаи истирдод ба Тоҷикистон қарор доранд.

Раёсати ВУД Тоҷикистон дар Суғд зимни нишасти хабарӣ эълон кардааст, ки дар давоми шаш моҳи соли равон дар маҷмӯъ аз 1686 ҷинояткорони ҷустуҷушаванда, 419 нафарашон дасгир шудааст.

“Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ 35 нафар ҷинояткорони ҷустуҷӯшаванда (аз ҷумла 14 нафар, ки барои содир намудани ҷиноятҳои раванди экстремистӣ-террористӣ ҷустуҷушаванда) ихтиёран аз хориҷи кишвар баргашта, ба шӯъбаҳои Вазорати умури дохила дар шаҳру ноҳияҳо ҳозир шудаанд”, - иттилоъ дод манбаъ.

Дар шаш моҳи соли 2019 дар қаламрави вилояти Суғд аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиршавии 3 851 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб 3 408 ҳолати ҷиноятро мақомоти корҳои дохилӣ ва прокуратура қайд кардаанд, ки аз ҷониби 2 915 нафар, аз ҷумла 2289 мард ва 69 ҷавони ноболиғ ва 548 зан ва 9 бонуи ноболиғ содир шудааст.

Содиршавии ҷиноятҳо, аз ҷониби гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ 237 адад, аз ҷониби шахсони пешсудшуда 299 адад, аз ҷониби шахсони хориҷӣ 2 адад ба қайд гирифта шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ

  • Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

    Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон хабар дод, ки Озода Раҳмон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ дар бахши таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният бо пешниҳоди Шӯрои Маҷлиси мазкур, мақоми ҷадид гирифтааст

    2971
  • Мулоқоти раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

    Раисҷумҳури Русия унвонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъватнома барои иштирок дар 75 - умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ирсол намудаст.

    628
  • Мошини БДА

    Додгоҳи ноҳияи Шаҳринав кашмакаши як ронандаи солхӯрда бо нозири роҳро, ки навори он ба интернет роҳ ёфта буд, баррасӣ карда, ронандаро ба андозаи беш аз 38 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

    525