04:31 24 январи 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.75
  • RUB0.16
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
357 0 0

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавоне хабар медиҳад, ки гӯшворҳои кӯдаконро медуздид

ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Дар ин бора дуздӣ ба шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Сино, марди 26-солаи сокини кӯчаи Н.Махсуми пойтахт шикоят кардааст.

Тибқи иттилои ВКД, ин мард гуфтааст, ки рӯзи 16-уми августи соли 2019, тахминан соати 11:00, дар даромадгоҳи назди бинои истиқоматиаш шахсони номаълум аз гӯши духтари 2-солааш 1 ҷуфт гӯшвори тиллоӣ, ки арзишаш 300 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Ҳамчунин бо ҳамин мазмун ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино зани 32-солаи сокини кӯчаи Н.Махсум бо ариза муроҷиат намудааст.

ВУД: даст доштани се ноболиғ дар 8 дуздӣ

Ин мард хабар додааст, ки рӯзи 22-юми июни соли 2019, тахминан соати 11:00, дар даромадгоҳи назди бинои истиқоматиаш шахсони номаълум аз гӯши духтари хурдсоли 3-солааш 1 ҷуфт гӯшвори тиллоӣ, ки арзишаш 1800-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Се ноболиғ барои дуздӣ дастгир шуданд

Дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 22-солаи сокини деҳаи Шайнаки ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир шудааст.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
дуздӣ, боздошт, ВКД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ