23:07 10 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Министр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото

Нигаронии Шералӣ Мирзо аз хатарҳои ҷаҳони муосир

© Фото : Фотохост ШОС
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
326 0 0

Роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир изҳори нигаронӣ намуда,

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар "Кохи Афсарон"-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Дар кори ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситоди Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил намояндагони Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларусия, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Федератсияи Русия иштирок доштанд.

Кори ҷаласаро Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо оғоз бахшида, тибқи барномаи ҷаласа дар он як қатор масъалаҳои вобаста ба ҳамоҳангии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои иттиҳод баррасӣ гардидаанд.

"Аз ҷумла, роҳбарияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир изҳори нигаронӣ намуда, дар самти боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ изҳори назар намуданд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон дар ҷаласа бо мақсади дар амал татбиқ намудани қарори Шӯрои сарони кишварҳои иттиҳод иштирокчиёни он роҳҳои иҷроиши Консепсияи муносибатҳои низомии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро барои то соли 2025 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додаанд.

Инчунин вобаста ба баргузорӣ ва натиҷагирии машқҳои муштарак, тақвияти таҷрибаи гузаронидани амалиёти зиддиминаҳо, густариш додани системаи муттаҳида дар соҳаи кимёвӣ ва биологӣ, дар бораи таъмини Воситаҳои иттилоотии топагиодезӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва дигар масоил мароқ  зоҳир намуданд.

Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сардорони ситоди Қувваҳои мусаллаҳи аъзои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил наздики 20 масъала дар доираи барномаи баргузории ҷаласаи мазкур мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, оид ба натиҷаҳои он қарорҳои дахлдор қабул гардидаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ