16:53 19 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.80
  • RUB0.15
Заброшенные жилые дома в приграничном с Таджикистаном селе. Архивное фото

Садои тир: дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон чӣ гузашт?

© Sputnik / Эмиль Садыров
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
1046 0 0

Феълан дар макони ҳодиса мақомоти амниятӣ ва намояндагони маҳаллӣ ҳозир шуда бо сокинони наздимарзӣ вориди муколама шуданд

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Хадамоти марзбонии давлатии Қирғизистон мегӯяд, имрӯз дар минтақаи наздисарҳадии Ботканд даргирӣ миёни сокинони Тоҷикистону Қирғизистон ба вуқӯъ омадаст.

"Низоъ имрӯз, дар деҳаи Тош-Тумшуқи ноҳияи Ботканд рух дод, зеро сокинони Тоҷикистон  дар қисмате, ки то ҳол аломатгузорӣ нашудаст, ба асфалтпушии роҳ шурӯъ карданд. Сарҳадбонон дархост намуданд, ки корро қатъ кунанд, аммо сокинони наздимарзии Тоҷикистон посух надоданд - сипас хизматчиёни ҳарбӣ ба ҳаво тир кушоданд ва дар ҷавоб онҳоро сокинони тоҷик сангбор карданд, ки ба ин муноқиша сокинони наздимарзии Қирғизистон ҳам дахолат карданд", - гуфта мешавад дар хабари Хадамоти марзбонии давлатии Қирғизистон.

Зимнан гуфта мешавад, ки низои бархостаро зуд намояндагони ду кишвар хомӯш намуданд ва ба ҷойи ҳодиса мақомоти амнияти ва намояндагони давлатӣ ҳозир шуданд.

Сокинони наздимарзии Тоҷикистон ба идомаи корашон дар роҳ хотима бахшиданд ва миёни сокинони ҳар ду ҷониб корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор шуд.

КДАМ Тоҷикистон дар бораи марз бо Қирғизистон баъди амалиёти ахир

Маврид ба ёдоварист, ки чанде қабл низ дар марзи ин ду кишвар як амали дигари иғвогароёна сабт гардида буд.

КДАМ Тоҷикистон хабар дод, ки сокинони наздимарзии қирғиз бе мувофиқа бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барқасдона ба сохтмони ду нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ оғоз карданд.

Дар ҳоле, ки тибқи созишномаҳои дуҷонибаи бадастомадаи ду давлат, то ба анҷом расонидани демаркатсия ва делимитатсияи сарҳад, ҳама намуди корҳои сохтмонӣ дар минтақаҳои баҳснок манъ мебошад.

Барчаспҳо:
марз, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ