09:05 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Местные жители и сотрудники МВД на кыргызско-таджикской границе в Баткенской области. Архивное фото

Вазъ дар марз: чаро дар Ботканд 100 нафар аз сокинони наздимарзӣ ҷамъ омаданд

© Фото / Зульфия Тургунова
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
123110

Мақомоти навоҳии Лайлак миёни сокинони наздимарзӣ ба хотири ҷилавгири аз муноқишаи навбатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Барои ором намудани сокинони наздии марзии ҷониби Тоҷикистон, намояндаи онҳоро низ даъват кардаанд ва гуфтушунидҳо идома дорад

ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Сокинони наздимарзии Тоҷикистон мехоҳанд дар ҳудуди деҳаи Оқсой роҳе, ки феълан аломатгузорӣ нашудааст, бибанданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон бо такя ба маълумоти  раиси деҳаи Катран Сапаралӣ Борубоев.

Ба изҳори вай имрӯз тоҷикон дар ин манотиқ чанд мошин шағал оварда, хостанд ин роҳро масдуд намоянд.

"Онҳо мехостанд ин қисмати роҳро бо бетону шағал маҳкам кунанд, дар ҳоле, ки ин роҳ то ҳол  аломатгузорӣ нашудаст ва онро якҷониба масдуд кардан мумкин нест. Зимнан, беш аз 100 нафар қирғизҳо ба ҳамон ҷо рафтанд. Мо мехоҳем гуфтушунидҳо бе ягон даргириву муноқиша анҷом ёбад. Умедворам мақомот ин масъаларо ҳал мекунанд",- изҳор намудаст Борубоев.

Ба гуфтаи Борубоев, дар сурати масдуд шудани роҳ, наздики се манотиқи аҳолинишини ноҳияи Лайлак дар моҳисира мемонанд.

Гузашта аз ин ҳокими ноҳияи Лайлак  Баймурод Бекмуродов аз як сохтмони дигари ғайриқонунӣ  аз ҷониби сокинони тоҷикдар деҳаи Максат хабар дод.

"Сохтмон дар замини наздисарҳадӣ ғайриқонунӣ аст. Бо вуҷуди эътирозҳои мо онҳо корҳои сохтмониро қатъ накарданд. Мо бо шаҳрвандон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаем, то ки ҳеҷ гуна муноқиша ба вуҷуд наояд. Ҳатто ҳоким аз минтақаи сарҳадии Тоҷикистон низ даъват кардем, вале ӯ то ҳол нарасидаст.

Дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии давлатии Қирғизистон мегӯяд, ки вазъият дар минтақаи наздисарҳадии ду кишвар мӯътадил аст.

Барчаспҳо:
марз, Тоҷикистон, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ