Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Мақомот кушта шудани се марзбони тоҷикро дар тирпарронӣ тасдиқ кард

© пресс-служба ГПС КРСмотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото
Смотровая вышка на кыргызско-таджикском участке границы. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон кушта шудани се марзбони тоҷикро дар задухӯрди мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар паи тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон се марзбони тоҷик кушта шуданд.

Ин хабарро сухангӯи раиси вилояти Суғд, Музаффар Юнусов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон тасдиқ кард.

Ба гуфти манбаъ дар воқеъ се марзбони тоҷик як подполковник ва ду сарбоз дар паи тирпарронӣ ҷон бохтанд.

Пештар расонаҳои маҳаллӣ ному насаби ҳалокшудагонро нашр карда буд.

Здание министерства иностранных дел Кыргызстана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Қирғизистон амалкарди марзбонони тоҷикро маҳкум намуда, ба сафир нота супорид

Ҳалокшудагон - коменданти сарҳадии ҷамоати Овчӣ-Қалъача подполковник Убайдуллоев Рустам Амонуллоевич, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Ҳисор, сарбози қаторӣ Исломов Рамазон Аҳмадович, соли таваллуд 28.12.1998, сокини деҳаи Кирови ҷамоати Чоргултеппа (ноҳияи Вахш) ва сарбози қаторӣ Суванов Ғиёсиддин Наҷмиддинович, соли таваллуд 20.02.2000, сокини деҳаи Тӯйчиеви ҷамоати Зарбдор (шаҳри Турсунзода).

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ба сафири Тоҷикистон дар Бишкек дар робита ба вазъияти феълӣ дар марзи ду кишвар, нотаи эътирозӣ равон карда, аз амалкарди марзбонони тоҷик вобаста ба тирпарронӣ изҳори нигаронӣ намуда, аз ҳукумати Тоҷикистон дархост карданд, ки барои ба эътидол даровардани вазъият дар марз аз тамоми чораҳо кор бигиранд.

Садои тир дар марз: якчанд шаҳрванди Тоҷикистон маҷрӯҳ, як сарбози қирғиз кушта шуд

Ёдовар мешавем, ки муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шаби 16 - уми сентябр рух дод.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карданд.

Мақомти Қирғизистон эълон кардааст, ки дар натиҷаи тирандозӣ як сарбози ин кишвар аз тири нерӯҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.

Ёдрас мешавем, ки Қирғизистон дар роҳи Исфара-Ворух тасмим гирифтааст постгоҳ созад. Ин иқдоми Қирғизистон боиси нигаронии мақомоти Тоҷикистон шуд.

Мақомоти Тоҷикистон эълон кард, ки бунёди постгоҳ дар қаламраве, ки ҳоло хатти сарҳад аломатгузорӣ нашудааст ғайри қонунӣ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0