Шойгу ба низомиёни Тоҷикистон медал тақдим кард

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкМинистр обороны РФ Сергей Шойгу на полигоне "Донгуз"
Министр обороны РФ Сергей Шойгу на полигоне Донгуз - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу низомиёни Тоҷикистонро, ки дар размоиши "Марказ 2019" иштирок доштанд,бо медалҳо сарфароз намуд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Вазири мудофиаи Федератсияи Русия Сергей Шойгу, се тан аз низомиёни Тоҷикистонро барои иштироки фаъол дар тамрини ҳарбии "Марказ- 2019" бо медалҳои "барои таҳкими ҳамкории ҳарбӣ" қадрдонӣ намуд, иттилоъ  медиҳад хабарнигори Sputnik.

Президент РФ В. Путин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Путин барои дидан аз тамрини ҳарбии "Марказ - 2019" озими размоишгоҳи Донгуз шуд

Гуфта мешавад, бо медали фахрӣ полковникҳо Файзулло Ҷавонзода, Фаридун Усмонзода ва подполковник Шарипов Орифҷон мукофотонида шуданд.

Путин бо раисҷумҳури Қирғизистон дар Оренбург дидор мекунад

Зимнан, дар баробари низомиёни тоҷик ҳамзамон чанд тан аз аъзои артиши Чин, се низомии Қирғизистон, се нафар покистонӣ ва се нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Узбакистон қадрдонӣ  карда шуданд. 

Манбаъ меафзояд, медалҳо "барои тамрини олӣ" ба се низомии рус супорида шуданд.

Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар марҳилаи асосии машқҳои стратегии фармондеҳӣ ва ҳайати шахсӣ дар вилояти Оренбург иштирок мекунанд.

Посух ба ҳамлаи 100 ҷангҷӯ ба марзи Тоҷикистон: гузориши аксӣ аз размоиш

Дар маҷмӯъ, дар размоишгоҳи ҳарбии "Марказ - 2019", 128 ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбӣ, беш аз 20 ҳазор силоҳ ва техникаи ҳарбӣ ва тақрибан 600 ҳавопаймо ҷалб карда шудааст.

Лентаи хабарҳо
0