23:05 13 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Начальник Объединенного штаба Организации Договора о коллективной безопасности генерал-полковник Анатолий Сидоров

Сидоров: пурзӯршавии Толибон дар шимоли Афғонистон ба кишварҳои узви СПАД хатар дорад

© Пресс-центр Россия сегодня
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
282 0 0

Роҳбари ситоди кишварҳои узви СПАД аз қавӣ шудани ҷангиёни толиб дар шимоли Афғонистон бонги изтироб задааст

ДУШАНБЕ, 24 сен — Sputnik. Муттаҳид шудани ҷангиёни ҷунбиши ҳаракати толибон дар шимоли Афғонистон барои амнияти кишварҳои Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ,метавонад хатар эъҷод кунад, изҳор намудаст роҳбари ситоди кишварҳои узви СПАД Анатолий Сидоров.

Ба маълумоти Сидоров, феълан дар минтақаҳои наздимарзии Тоҷикистону Туркманистон наздики 11 ҳазор ҷангиён таҷаммуъ омадаанд.

"Сарҷамъии ҷангиёни толиб ба амнияти кишварҳои узви СПАД метавонад латма ворид кунад", - иброз доштааст Сидоров дар нишасти матбуотии видеоӣ, ки Маскав, Бишкек, Минск ва Нур- Султонро дарбар мегирифт.

Иловатан Сидоров зикр намуд, ки фаъол шудани ҷангиёни ДОИШ низ дар ин манотиқ бараъло дида мешавад. Феълан теъдоди умумии ҷангиёни ДОИШ ба 4 ҳазор нафар баробар аст.

Мақомоти афғон Толибонро дар марз мағлуб намуданд ва минтақаи Чоҳобро бозпас гирифтанд

Роҳбари ситоди кишварҳои узви СПАД мегӯяд, ки толибон алъон наздики 40 музофоти Афғонистонро забт намудаанд ва дар минтақаҳои ишғолкардаи толибон хариду фурӯши маводи мухъаддир ва силоҳи оташфишон ошкоро сурат гирифта истодааст.

Писари Аҳмадшоҳи Масъуд хостори ташкили эътилоф зидди Толибон шуд

Маврид ба зикр аст, ки ба узвияти кишварҳои СПАД Тоҷикистон, Русия, Арманистон, Белорус, Қирғизистон ва Қазоқистон шомиланд.

Барчаспҳо:
хатар, Толибон, СПАД

Мавзӯъҳои асосӣ