23:28 14 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.66
  • RUB0.15
Мулоқоти Абдусаттор Фаттозода, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон бо донишҷӯён

Ҷиддӣ бошед: ҳушдори Фаттозода дар бораи истифодаи симкортҳо

дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
158810

Абдусаттор Фаттозода, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ҷавонон дар Душанбе қоидаҳои истифодаи симкортро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 2 окт — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Фаттозода дар мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллии кишвар, ҳушдор додааст, ки истифодаи нодурусти симкортҳо метавонад, ҷавобгарӣ дар пай дошта бошад.

“Дар муносибат бо симкортҳои телефонҳои мобилӣ ҷиддӣ бошед, зеро нафарони ҷинояткор аз симкортҳое истифода менамоянд, ки ба ному насаби дигар кас рабт дорад. Дар ин сурат тибқи тағйироти воридгардида ба қонунгузории кишвар соҳиби аслии симкорт низ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад”, - таъкид намудааст Фаттозода.

Ахиран  ВУД тағйироти марбут ба истифодаи симкортҳоро шарҳ дода гуфт,  барои ғайриқонунӣ пайваст кардани симкорт ба шабақаи алоқаи барқӣ ё аз ҷониби истифодабаранда ба соҳибияти каси дигар додани симкорте, ки дар содиркунии ҷинояти хусусияти террористӣ ё экстремистидошта истифода гардида бошад, бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то якуним ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ду то се сол ҷазо дода мешавад.

Озода Раҳмон гуфт дар кадом ҳолатҳо соҳиби симкорт ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад

Бар асоси тағйироте, ки ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шудааст, барои нақзи қоидаҳои пайвасткунии симкорт дар сурати набудани аломатҳои ҷиноят аз 5 ҳазору 500 то 55 ҳазор сомонӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Барчаспҳо:
истифода, симкорт, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ