17:45 17 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Истиқбол аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар фурудгоҳи Исиқкӯли Қирғизистон

Талаби Раҳмон аз Жээнбеков барои зудтар имзо кардани созишномаи марзӣ

дафтари матбуоти раисиҷумҳури Қирғизистон
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (71)
634 0 0

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки “Тоҷикистон бо такя ба анъанаҳои накуи дӯстию ҳамҷаворӣ ҷонибдори рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Қирғизистон мебошад”.

ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар шаҳри Ишқободи Туркманистон дар ҳошияи Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков мулоқот кардааст.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни мулоқот ҷанбаҳои мубрами масъалаҳои ҳамкорӣ, ҷараёни татбиқи тавофуқоти қаблан бадастомада ва дигар мавзуъҳои робитаҳои ду кишвар баррасӣ гардидааст.

Тоҷикистону Қирғизистон дорои сарҳадоти умумӣ мебошанд ва ҷонибҳо ҷиҳати ҳалли ҳар чи зудтари масъалаҳои марбут ба сарҳади давлатӣ ибрози андеша кардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки “Тоҷикистон бо такя ба анъанаҳои накуи дӯстию ҳамҷаворӣ ҷонибдори рушди ҳамкории мутақобилан судманд бо Қирғизистон мебошад”.

Раисиҷумҳур изҳори итминон кардаааст, ки мулоқоти имрӯза барои ҳалли масъалаҳои мубрам, аз ҷумла ҷиҳати пешбурди музокирот дар мавриди муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мусоидати амиқ хоҳад кард.

"Дар ин замина пешниҳод гардидааст, ки лоиҳаи мувофиқашудаи байнидавлатии “Созишномаи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон” ба имзо расонда шавад ва бо ин роҳ имкон аст заминаҳои ҳуқуқии натиҷаи фаъолияти чандинсолаи комиссияи муштарак мустаҳкам гардад", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ карда шуд.

Мавзуҳо:
То кай?: танишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон (71)
Барчаспҳо:
ИДМ, нишаст, ҷаласа, Ишқобод, Туркманистон, Сооронбой Жээнбеков, Эмомалӣ Раҳмон

Мавзӯъҳои асосӣ