02:08 22 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Митинг в Душанбе на площади Шахидон в мае 1992 года

Лангариев: мардуми Кӯлоб солҳои 90-ум нахустин шуда бар зидди хоинон бархостанд

© Sputnik / Ратушенко
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
494 0 0

Бахтиёр Лангариев, муовини вазири дифоъи Тоҷикистон, гуфт мардуми Кӯлоб солҳои навадум аввалин шуда, ба муқобили хоинон ва он гурӯҳҳое, ки мехостанд Тоҷикистонро пора-пора кунанд, бархостанд.

ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Дар Қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб, вохӯрии Абдуҷаббор Раҳмонзода - ёвари Президент оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, ки ҳамзамон роҳбарии гурӯҳи корӣ оид ба омодагӣ ба 30-солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро ба уҳда дорад, баргузор гардидааст.

Бино ба гузориши равобити умуми мақомоти вилояти Хатлон, дар ҷаласаи мазкур муовини якуми раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло, раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, муовини вазири дифоъ Бахтиёр Лангариев, сардорон ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои давлатии шаҳриву минтақавӣ, директорони муассисаҳои таълимии олию миёна, раисони ҷамоатҳои деҳот, имомхатибон ва фаъолони шаҳр иштирок доштаанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода доир ба ҷалб намудани ҷавонписарони синни даъватӣ ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори андеша карда гуфтааст:

"Мо бояд дар замири ҷавонон ҳисси хештаншиносию худогоҳӣ ва ватандӯстиро бедор намуда, байни аҳолии осоишта ва ҷавонон корҳои тарғиботиву ташвиқотиро зиёд намоем”.

Ҳамчунин ба директори ТВ “Кӯлоб”, сармуҳаррирони рӯзномаҳои МИҲД-и шаҳри Кӯлоб супориш дода шудааст, ки дар барнома ва саҳифаҳои худ гузоришу мақолаҳои дорои мазмуни ватандӯстию ватанпарастиро бештар ҷой диҳанд.

Бахтиёр Лангариев, муовини вазири дифоъи Тоҷикистон, зимни баромади хеш иброз намудааст, ки мардуми Кӯлоб солҳои навадум аввалин шуда, ба муқобили хоинон ва он гурӯҳҳое, ки мехостанд Тоҷикистонро пора-пора сохта, миллату давлати тозаистиқлолро аз харитаи ҷаҳон нест кунанд, бархостанд. Ҳазорон ҷавонони ғаюру далери Ватан барои Ватан ҷон бохтанд.

“Имрӯз мову шумо дар фазои сулҳу субот зиндагӣ карда, он рӯзҳоро набояд фаромӯш кунем. Аз хизмат гурехтан бешарафист. Имрӯз дар қисмҳои низомии Тоҷикистон тамоми шароит барои нафароне, ки оиладор ҳастанд, муҳайё карда шудааст. Барои волидайн низ ҷойҳои дидорбинии шабонарӯзӣ ташкил шудааст. Он нафароне, ки мехоҳанд ба дидорбинии падару модар раванд, саривақт то як ҳафта рухсатӣ дода мешавад. Хулоса, имрӯз шароит барои хизмати ҳарбиро ба ҷо овардан дар Қӯшунҳои ҳарбии кишварамон сад дар сад муҳайёст”, - зикр намудааст муовини вазир.

Манбаъ афзуда, ки дар қисмати баъдии ҷаласа аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба он нафароне, ки дар чорабиниҳои бахшида ба истиқболи 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешвози Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 10-11-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб саҳми назаррас гузоштанд, Ифтихорномаҳо ва мукофотҳо тақдим гардидааст.

Барчаспҳо:
Кӯлоб, вазорати дифоъ, вазир

Мавзӯъҳои асосӣ