14:29 12 ноябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Кадры с места нападения на погранзаставу на таджикско-узбекской границе.

Ду зан куштаю 3 боздошт шуданд: "ДОИШ аз занҳои истаравшанӣ маргталаб омода кардааст"

© МВД Республики Таджикистан
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
760401

Миёни 20 ҳамлагар ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод” 5 нафар зан будаанд, ки аз ҷониби “ДОИШ” дар Афғонистон ба ҳайси маргталаб омода шудаанд, хабар додаст нашрияи “СССР”.

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Аз 5 нафар зан миёни гуруҳи ҳамлагар ба дидбонгоҳи “Ишқобод” 2 нафар кушта шуда, 3 нафар боздошт гардидаанд.

 “Аз 5 нафаре, ки аз ҷониби мақомоти қудратии кишвар дастгир гардидаанд, 3 нафар зан ва 2 нафар мард мебошанд. Ин занҳо моҳҳои тӯлонӣ омодагии ҷангиро дар лагерҳои ҷангиёни ДОИШ дар Афғонистон тамрин намуда, ба ҳайси маргталаб-“смертник” омода шуда буданд. Ҳамаи ин занҳо зодаи шаҳри Истаравшани вилояти Суғд будаанд”, - навиштааст “СССР”

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асоси иттилои пешакӣ ҳамаи ҳамлагарон ба дидбонгоҳи марзӣ шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Ӯ тасдиқ кард, ки миёни кушташудаҳо ва боздоштшудаҳо занҳо низ ҳастанд.

Қаблан Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи пурсиши боздоштшудагон маълум гардид, гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ, ки шаби 06-уми ноябри соли 2019 ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и “Ишқобод” ҳамла карданд, ҳама аъзои “ДОИШ” буда, шаби 3-юми ноябр аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шудаанд.

ВУД иттилоъ дода буд, ки дар натиҷаи амалиёт 15 узви гуруҳи мусаллаҳи ҳамлагар кушта, 4 автомашинаи онҳо нобуд карда шуд. Боқимонда 4 нафар аъзои гурӯҳ ба ҷониби деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ фирор намуданд, ки дастгир шудаанд.

Мақомот иттилоъ доданд, ки зимни амалиёти муташаккилона 1 нафар хизматчии Қушунҳои сарҳадӣ ва 1 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат

Барчаспҳо:
зан, ҳамла, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ