Намозу муносибати генерал Шоҳ Искандар бо мардум: бардошт аз 1 соли кор дар Исфара

© акс аз саҳифаи фейсбукии Иқбол ИлёсзодаГенерал-майор Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ бо либоси низомӣ
Генерал-майор Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ бо либоси низомӣ  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Генерал-майор Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ, маъруф бо Шоҳ Искандар, аз фармондеҳони собиқи мухолифин, наздики як сол мешавад, ки сардори шуъбаи 1-уми умури дохилӣ дар шаҳри Исфара мебошад

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Иқбол Илёсзода, сухангӯи ҳукумати Исфара дар Рӯзи милиса, ки 10 ноябр таҷлил мешавад, бардошташро аз фаъолияти қариб яксолаи генерал Искандарзода дар ин минтақаи ҳассоси Тоҷикистон баён доштааст.

Самая высокая башня в мире, Бурдж-Халифа, видна за минаретом в Дубае - Sputnik Тоҷикистон
Хуҷа-командир аз боздоштгоҳи Дубай озод шуд

Илёсзода дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, ки Шоҳ Искандарро то таъинаш ба вазифаи сардори Шӯъбаи 1-уми умури дохилӣ дар шаҳри Исфара аз наздик намешинохт.

“Давоми фаъолияти босамараш дар ин вазифаи пур аз масъулият аз наздик ва ба хубӣ шинохтем мавсуфро, натанҳо ман, балки кулли мардуми Исфара. Зеро генерал Искандарзода аз рӯзҳои аввалини ба фаъолият шурӯъ кардани хеш дар ин вазифа, ҳамеша ва ҳама рӯз дар байни халқ ва бо мардум аст”, - навиштааст сухангӯи ҳукумати Исфара.

Ӯ тавзеҳ додааст, ки Шоҳ Искандар бо он ҳама бузургиву сиёсату салобаташ инсони хоксору заминиест, ки худро бо хурду калон баробар медонад, саломаш, суҳбату мулоқотҳояш бо мардум самимист.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон назначил новые кадры в МВД - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: аз Шоҳ Искандаров то сардорони нави милиса дар Нораку Данғара - акс

“Ҳангоми рух додани муноқишаҳои наздисарҳадӣ мо худ шоҳид будем, ки генерал Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ дар минтақаи Чоркӯҳ ва Хоҷаи Аъло мисли як сипари боэътимод ва рамзи устуворию шикастнопазирии тоҷикон ҳар лаҳза дар ҳолати омодабош буд ва якҷоя бо сарварони дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ вазъиятро таҳти назорати хеш қарор дода буд”, - таъкид намудаст Илёсзода.

Ба иттилои сухангӯи ҳукумати Исфара, "генерал Искандарзода сардорест, ки дар баробари ба ҷо овардани рисолати касбии худ дар маъракаю чорабиниҳо ширкат меварзад, дар вохӯрию мулоқотҳо озодона суханронӣ мекунад, ба суолу пурсишҳои мардум самимона посух медиҳад, якҷо бо мардум намоз мехонад ва ба роҳи нек ҳидояташон мекунад".

“Ӯ сардорест, дар 24 соати ҳар як шабонарӯз телефонҳои мобилиаш фаъол аст ва дар занги нахустин посухатон мегӯяд, арзу муроҷиатҳои шаҳрвандонро оҷилан баррасӣ мекунад”, - омадааст дар матлаб.

Ҳамоиши Дӯстӣ - 2019 миёни масъулин ва сокинони фаъоли навоҳии наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Футбол ба ҷои тиру санг: “Дӯстӣ – 2019” бо иштироки Шоҳ Искандар ва фаъолони тоҷику қирғиз

Иқбол Илёсзода инчунин зикр кардааст, ки дар вақти иҷрои вазифаи хизматӣ, ҳангоми ҳимояи марзу буми Ватан дар минтақаи наздисарҳадии Ворух 2 корманди милиса – сардори Маркази иттилоотию таҳлилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Шомирсаидов Расул Самадович ва корманди Шӯъбаи 2-юми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара капитани милитсия Тошхӯҷаев Фаррух аз захми тир ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд, аммо рисолати касбии худро мардонаю сарбаландона ба ҷо оварданд.

Ӯ фарорасии Рӯзи милитсияи тоҷикро ба сардорони Шӯъбаҳои 1-ум ва 2-юми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара генерал-майори милитсия Искандарзода Муҳаммадшоҳ Амиршоҳ ва полковники милитсия Шомадзода Фирдавс ва дар симои онҳо ба кулли кормандонашон шодбош гуфта, дар иҷрои рисолаташон саломатӣ, азму иродаи қавӣ ва барору комёбӣ орзу намудаст.

Лентаи хабарҳо
0