08:20 09 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон

Баҳси ҳамлаи “Ишқобод” бо ҳузури Раҳмон ва ҳифзи марз-аксҳо

дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
649601

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамла ба дидбонгоҳи “Ишқобод” дар марз бо Узбакистонро, ки шаби 6 ноябр ҳангоми набудани президент дар кишвар рух дод, дар ҷаласаи Шӯрои амният ба миён гузошт

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Тибқи гузориши дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бо иштироки Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ, Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, Озода Раҳмон, роҳбари Дастгоҳи раисиҷумҳур, Юсуф Раҳмон, додситони кул, Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилӣ ва вазирону генералҳои дигар ҷаласаи Шӯрои амниятро баргузор кард.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласаи Шӯрои амният ҳамлаи мусаллаҳона ба дидбонгоҳи марзии “Ишқобод” баррасӣ шуда, дар баробари он андешидани чораҳои таҳкими ҳифзи марзи давлатӣ муҳокима гардидаанд.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон

Котиботи раисиҷумҳур гуфт, дар ин масоил Прокурори генералӣ, вазирони корҳои дохилӣ ва мудофиа, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳисобот додаанд. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур таъкид намуд, ки дар мавриди масъалаҳои мазкур қарорҳои дахлдор қабул гардиданд, аммо тафсилоти ин тасмимҳо ироа нашудааст.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон

Бар асоси гузориши аксие, ки котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷараёни ҷаласаи Шӯрои амният нашр кардааст, аксари генералу масъулин дар ҷаласа бо сарҳои хам нишастаанд.  

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон

Ахиран гуруҳи террористии ДОИШ бо интишори баёнияе дар сомонаи Аъмоқ масъулияти ҳамла ва куштани 10 тан аз низомиёни тоҷикро бар уҳда гирифтааст. Пеш аз ин мақомоти амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон шумори низомиёни кушташуда дар ин даргириро ду нафар ва талафоти муҳоҷимонро 15 тан эълом карда буданд.

Ҳамлаи Анвар бо хешон ва дасти тоҷирони Корвон: 21 кушта дар "Ишқобод"

Аммо манобеи хабарии мустақил бо истинод ба маросими хоксупории ҷанозаи низомиёни кушташуда дар минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон шумори талафоти марзбонони тоҷикро 6 нафар эълом кардаанд.

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дода буданд, ки шаби 6 - уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд. ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки 4 нафар дастгир шудаанд.

Барчаспҳо:
ҷаласа, Эмомалӣ Раҳмон, ҳалокат, ифтитоҳи дидбонгоҳ, амният, марз, ҳамла, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ