07:10 07 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.74
  • RUB0.15
Нападение на погранпост в Таджикистане: эхо Афганской войны

Вазорати дифои Афғонистон: миёни кушташудагони ДОИШ-ӣ тоҷикон низ ҳастанд

МВД Таджикистана/RUPTLY/Пресс-служба Минобороны России
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
183 0 0

Вазорати дифои Афғонистон мегӯяд, дар миёни афроде, ки тайи рӯзҳои ахири дар амалиёти алайҳи ДОИШ дар шарқи ин кишвар кушта шудаанд, тоҷикон низ ҳастанд

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Фавод Амон, муовини сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, зимни амалиёте, ки рӯзҳои ахир нерӯҳои вижаи вазорати дифоъ  дар ҳамдастӣ бо кормандони пулис ва амният дар вулусволии Ачини вилояти Нангарҳор алайҳи пойгоҳҳои ДОИШ роҳандозӣ карданд, даҳҳо нафар аъзои ин гурӯҳ кушта шудаанд.

Ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

Фавод Амон дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар миёни кушташудагон афроди хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон низ зиёданд.

“Онҳо шиносоӣ шудаанд, аммо ҳуввият ва теъдодашонро тасбит накардаем. Таҳқиқи сари ин масъала ҷараён дорад ва пас аз анҷоми он натиҷаҳо дар ихтиёри расонаҳо қарор дода хоҳад шуд” – афзуд муовини сухангӯи вазорати дифои Афғонистон.

Чанд рӯзи қабл Вазорати дифои Афғонистон эълон дошт, ки ДОИШ дар Афғонистон пурра саркӯб шудааст.

Вазири дифои ин кишвар гуфт, вилояти Нангарҳор бузургтарин пойгоҳи “Вилояти Хуросон” – и ДОИШ дар минтақа ба ҳисоб мерафт ва ҳоло пурра суқут карда, ҳудуди 300 ҷангии ин гурӯҳ бо аъзои хонаводаашон ба нерӯҳои ҳукуматӣ таслим шудаанд.

Сесад ҷангии ДОИШ дар Афғонистон ба мақомоти амниятӣ таслим шудаанд

Фавод Амон гуфт, аксари онҳо бошандагони минтақаҳои Боҷавур ва Оракзайи Покистон ва доишиҳои афғон ҳастанд, аммо ҳамоно ҳамагӣ пурра таҳқиқ нашудаанд ва эҳтимол дорад, ки дар миёни таслимшудагон шаҳрвандони кишварҳои дигари хориҷӣ низ бошанд.

“Ҳангоми таҳқиқ аз ин ҷангиёни ДОИШ маълум шуд, ки дар миёни ҷангиёни фирории ин гурӯҳ атбои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Русия, Чин ва ҳатто Эрон ҳам ҳастанд. Онҳо ба самти вулусволии Чаппадараи вилояти Кунар ақибнишинӣ кардаанд. Мо рӯзҳои наздик як амалиёти навро алайҳи онҳо роҳандозӣ мекунем” - афзуд муовини сухангӯи вазорати дифои Афғонистон.

Ҷузъиёти дигари ҷолиберо, ки аз қавли боздоштшудагон ин масъули матбуотии вазорати дифоъи Афғонистон медиҳад, ин аст, ки ҷангиёни хориҷии ДОИШ асосан муҷаррад ба ин созмон мепайванданд, аммо ба зудӣ соҳиби хонавода мешаванд. Нуктаи дигар ин аст, ки раҳбарони ин гурӯҳ қабл аз суқути Нангарҳор ба ҷангиён дастур додаанд, ки аз ин вилоят ба Кунар ва вилоёти Шимол паноҳ бибаранд. Кунар охирин пойгоҳи ДОИШ дар Афғонистон дар ҷанубу шарқи ин кишвар ба ҳисоб меравад. Бино ба иттилои вазорати дифои Афғонистон, ин вазъ ҷангиёни ин гуруҳро маҷбур кардааст, ки ба вилояти, қабл аз ҳама кӯҳистонии Шимол, назири Бадахшону Кундуз фирор кунад. Фавод Амон гуфт, дар чанд рӯзи оянда дар вилояти Кундузи ҳаммарз бо Афғонистон низ як амалиёти густарда алайҳи Толибон, ДОИШ ва дигар созмонҳои террористӣ роҳандозӣ хоҳад шуд.

Барчаспҳо:
амалиёти низомӣ, ҷангиён, ДОИШ, тоҷикон, Афғонистон

Мавзӯъҳои асосӣ