"Дилбари кастет ба даст": Марям гуфт, чаро бо “силоҳи сард” мегардад

© дафтари матбуоти РВУДМарям Иброҳимова, сокини шаҳри Душанбе бо кастет
Марям Иброҳимова, сокини шаҳри Душанбе бо кастет - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе аз боздошти як зан бо “силоҳи сард” хабар медиҳад. Ин дуюмин зан аст, ки тайи беш аз як моҳ бо силоҳи сард дар пойтахти Тоҷикистон боздошт мешавад

ДУШАНБЕ, 27 ноя — Sputnik. Марям Иброҳимова, мутаваллиди 17 апрели 1994, сокини кӯчаи Маяковскии шаҳри Душанбе бо як адад кастет – панҷапӯши оҳанин боздошт шудааст, хабар дод як масъули раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба Sputnik Тоҷикистон. Вай афзуд, зимни бозҷӯӣ ин зан эътироф кардааст, ки “силоҳи сард” – ро барои муҳофизат аз хеш бо худ нигаҳ медошт.

Суперлуние, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дуюмин кишвари амнтарини ҷаҳон дониста шуд: пажуҳиши Gallup

Бино ба иттилои раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, ин зан дар қатори 13 нафари дигар зимни идомаи амалиёти шартии “Корд” боздошт шудааст, ки бақия низ бо силоҳи сард, аз қабили таппончаи газӣ, кастету корд ва дастчӯби оҳанину дигар ашёҳои хатарнокро бо худ мегардониданд.

Манбаъ афзуд, дар рафти амалиёт аз онҳо 8 адад корд, 2 адад кастет ва як ададӣ таппончаи газӣ ва дастчӯби оҳанин дарёфту мусодира карда шуданд. Вай афзуд, ба нафароне, ки дар рафти амалиёт боздошт ва аз онҳо чунин силоҳҳо дарёфту мусодира шуд, чораҳои таъсиррасони қонунӣ, аз ҷумла нисбати 5-нафар ҳабси маъмурӣ аз 5 то 7 шабонарӯзӣ татбиқ карда шуд.

Таппончаи газӣ, кастету корд ва дастчӯби оҳанин, тибқи модаи 6 – и Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи силоҳ”, дар қатори дигар силоҳҳои хизматӣ ва мулкӣ мамнӯъ ва хатарнок шумурда мешавад ва тибқи моддаи 195 – и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон бо кори иҷборӣ ба мӯҳлати 180 то 240 соат ё ҷарима ба маблағи 200 то 500 нишондиҳанда барои муҳосибот ё кори ислоҳӣ ба муддати ҳадди аксар ду сол муҷозот мешавад.

Рейд УФМС по выявлению нелегальных мигрантов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Муҳоҷир: дигар пуле барои хариди нону об надорем

Амалиёти “Корд” аз 13 октябри соли равон аз сӯи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе оғоз шуда, бино ба иттилои расмӣ, дар се мархилаи аввал 46 ва ҳоло 14, дар умум 60 силоҳи сард аслан аз ҷавонон мусодира шудааст.

Аз ҷумлаи занон дар гузашта як нафари дигар ба номи Ҳавасмо Эрназароваи 21-сола, сокини ҷамоати Турдибобои ноҳияи Ҳисор дар маркази дилхушии “Самира” бо як корд боздошт шуда буд, ки мавсуф низ далели мусаллаҳ шудани худро муҳофизат аз хеш арзёбӣ карда буд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе гуфтааст, силоҳи сард дар камтарин нофаҳмӣ ва муноқишаҳои лафзӣ метавонад мавриди истифода қарор гирифта, ҷиноят ва оқибатҳои ногуворро ба вуҷуд овард.

"Дар рафти ин амалиёт ошкор шуд, ки ҳамаи боздоштшудагон ҷавононанд. Бархе ҷавонон донишҷӯянд ва ин ба он маъност, ки дар ҷойи таҳсил ба амалу кирдорҳои ғайриқонунӣ даст мезананд. Ин боиси нигаронист", - гуфт масъули ин ниҳод.

Машина милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Боздошти "милиса" ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ дар Душанбе

Зимнан, дар миёни боздоштшудагони ахир номи Билол Талбакови 17 – сола, сокини кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанбе зикр мешавад, ки донишҷӯи соли дуюми Литсеи касбии алоқа буда, бо вуҷуди ноболиғӣ як таппончаи газиро ғайриқонунӣ ва бе иҷозаи расмӣ бо худ мегардондааст.

Аз рӯйхати боздоштшудагон бармеояд, ки ҷавонтарини онҳо 17 ва бузургтаринашон 31 сол доранд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар иттилоияи худ аз шаҳрвандони пойтахт бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки амалу рафтор ва доираи дӯстони фарзандони худро зери назорат қарор диҳанд ва нагузоранд то онҳо ҳамроҳи худ чунин ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро гардонанд.

“Тибқи таҳлилҳо дар бештари маврид бо худ гирифта гаштани ин қабил ашёҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда ба ҷиноятҳои гӯшношунид анҷомидааст”, - омадааст дар иттилоия.

Аз ин хотир, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст, ки “то охирин лаҳза ва пурра решакан намудани ин амали номатлуб мубориза бурда, амалиёти ҳадафмандонаро дар ҳудуди пойтахт идома медиҳад”.

Лентаи хабарҳо
0