15:12 26 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
572 0 0

Кормандони Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ дар муассисаву ташкилот, корхонаву иншоот, нуқтаҳои хизматрасонии умумӣ, боғу гулгаштҳо, ҷойҳои сайругашти оммавӣ фаъолияти хешро пурзӯр намуданд

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik. То фарорасии Соли нави мелодии 2020 рӯзҳои ба шумор боқӣ мондааст.

Бино ба гузориши ВКД, дар асоси талаботи роҳбарияти ин ниҳод аз кормандони Сарраёсат ва ҷузъу томҳои он баҳри таҳкими вазъи бехатарӣ аз сӯхтор дар назди арчаҳои калони солинавии ҳудуди шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ҷалби нақлиётҳои оташнишонӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони милитсия ва ниҳодҳои дигари дахлдор навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

ВКД аз мардум даъват мекунад, ки ҳатман қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро қатъиян риоя намояд.

Қоидаи оро додани арчаи солинавӣ

Бино ба гузориши ВКД, арчаи солинавӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд дар ошёнаи якум ва ё дар саҳни ҳавлии назди бино гузошта шавад.

  • Биное, ки дар он ҷо арча гузошта мешавад, бояд на кам аз ду дари баромад дошта бошад. Арчаро дар роҳрав ё даромадгоҳ гузоштан қатъиян манъ аст.
  • Андозаи арча бояд тавре бошад, ки шохаҳояш ба шифти хона нарасад ва аз девор камаш як метр дур истад.
  • Дар толори арча дар ҷои махсус бояд аз се то панҷ адад оташхомӯшкунакҳои коршоям ва кампали патдор нигоҳ дошта шавад.
  • Агар оташхомӯшкунак набошад, метавон дар ҳаҷми аз 50 то 100 литр об нигоҳ дошт.
  • Арчаро дар мобайни толор дар пояи чилликмонанди мустаҳкам ва ё дар чалаки пур аз хок шинондан лозим аст.
  • Арчаро бо бозичаҳои селлулоидӣ ва ё зуддаргиранда зиннат додан, бо шамъ чароғон кардан манъ аст.
  • Атрофи поя ва шохчаҳои арчаро бо пахтаи ба моеи зиддисӯхтор коркарднашуда печонидан, ба он бозичаҳои пахтагин овехтан ва намаки бертолетӣ пошидан манъ аст.
  • Кори чароғонкунии арчаро ба воситаи трансформатори шиддатпасткунанда, ки шиддаташ аз 24 волт зиёд нест, чароғон кардан лозим аст.
  • Дар сурати истифода бурдани қувваи барқи шиддаташ 220 волт бояд танҳо аз шилшилаҳои фабрикӣ истифода бурд, зеро шилшилаҳои худсохт аксар вақт сабабгори сар задани сӯхтор мегарданд.
  • Шахси масъул ба бехатарии зиддисӯхтор бояд нақша ва қоидаҳои аз ҳудуди бино муташаккилона баромадани иштироккунандагонро тартиб дода, онро ҳатман бо Хадамоти давлатии оташнишонӣ мувофиқа намояд ва иҷозатномаи махсус гирад.
  • Дар вақти гузаронидани Иди арча бояд тамоми дарҳои баромад кушода бошанд ва дар назди ҳар яки онҳо навбатчиҳо истанд.
  • Дар дохили бино бошад, шамъҳои бинголӣ, магний гирондан, мушак ва дигар маводҳои пиротехникии тарканда истифода бурдан қатъиян манъ аст. Пӯшидани либосҳои пахтагӣ, қоғазӣ, докагӣ ва аз дигар матоъҳои зуддаргиранда тайёркардашуда дар Иди арча дуруст нест.

Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ҳангоми рӯй додани сӯхтор ва ё зоҳир гардидани нишонаҳои он ҳатман ба телефони «01» (аз телефонҳои мобилӣ «101»), ба хадамоти давлатии оташнишонӣ хабар додан зарур аст.

Барчаспҳо:
фаъолият, ВКД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ