12:06 20 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
2231 0 0

Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, ки дастури қатли Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломиро дода буд, нахустин изҳороташро дар бораи ин қазия нашр кард

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Трамп мегӯяд, Сулаймонӣ дар қатл ё ҷароҳати вазнини ҳазорҳо амрикоӣ даст дорад ва ният дошт бештареро бикушад, аммо ба даст афтод.

Раисиҷумҳури ИМА дар саҳифааш навиштааст, ки Сулаймонӣ бевосита ё бавосита дар марги миллионҳо, аз ҷумла дар куштори ахири муътаризон дар дохили Эрон даст дорад. Ӯ таъкид намудаст, ки аз Сулаймонӣ дар дохили Эрон нафрину тарс доштанд ва мардум ҳатто наздик ба ҳадде ки мақомдорони эронӣ барои ҷаҳони берун вонамуд мекунанд, хафа нестанд. Трамп афзудааст, Сулаймонӣ бояд солҳо пеш аз байн бурда мешуд.

​Ин дар ҳолест, ки Алӣ Хоманеӣ, раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон, дар паёми таслияти марги генерал Қосими Сулаймонӣ, таъкид кардаст, интиқоми сахте интизори ҷинояткороне аст, ки даст ба қатли генерал задаанд.

Аммо Доналд Трамп дар саҳифаи Твиттераш навиштааст, ки Ирон ҳеч гоҳ ҷангро набурдааст, аммо дар музокирот набохтааст.

​Пентагон хабар дод, ки субҳи имрӯз бо дастури Доналд Трамп, раисиҷумҳури ИМА, Сулаймонӣ, ки дар феҳрасти террористӣ қарор дошт, кушта шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ