04:13 26 октябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.34
  • EUR12.26
  • RUB0.13
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
59010

Ширкати ҳавопаймоиии "Сомон Эйр" пас аз суқути ҳавопаймои украинӣ парвоз аз болои Эронро муваққатан қатъ мекунад

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputniк. Ширкати хусусии ҳавопаймоии "Сомон Эйр" муваққатан парвозро тариқи долони ҳавоии Эрон қатъ мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.

Аз ҷумла "Сомон Эйр" хатсайри парвози Душанбе-Дубай-Душанберо тағйир дод. Қайд мешавад, ки чунин қарор ба дарозтар шудани вақти парвоз оварда расонид.

"Ширкати "Сомон Эйр" зимни парвоз аз рӯи хатсайри Душанбе-Дубай Душанбе, аз долони ҳавоии Эрон гузар нахоҳад кард. Дар баробари ин, вақти парвоз аз Душанбе ба Дубай 50 дақиқа ва аз Дубай ба Душанбе 20 дақиқиа дарозтар мешавад", - қайд кардааст ширкат.

То ҳол маълум нест, ки ширкати ҳавопаймоӣ ба ҷои долони ҳавоии Эрон, кадом кишварро интихоб мекунад: долони Афғонистон ё Покистон.

Суқути Boeing-737 дар Эрон

Ёдрас мешавем, субҳи 8 январ дар наздикии Теҳрон дар пайи суқути ҳавопаймои Boeing-737 Киев-Теҳрон бештар аз 180 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҳавопаймо ба ширкати украинӣ тааллуқ дошт ва бештари мусофирон шаҳрвандони Эрон буданд.

Украина барои қурбониёни суқути Boeing дар Теҳрон мотам эълон кард

Зимнан, 63 нафари ҳалокшудагони ин ҳодисаро шаҳрвандони Канада, 11 нафар аз Украина, 10 шведӣ, 12 тан шаҳрвандони Афғонистон, 3 нафар аз Олмон ва 3 тани дигар аз Британияи Кабир ташкил медиҳанд.

Хурдсолтарин қурбонии ин ҳодисаи даҳшатбор ҳамагӣ як сол доштааст.

Барчаспҳо:
парвоз, Сомон Эйр, Эрон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ