21:49 14 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.20
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
261210

Вакили дифои Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури пешини Қирғизистон талаб кардааст, ки ба ҳайси шоҳид Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон ба додгоҳ даъват карда шавад

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Сергей Слесарев, вакили дифои Алмосбек Отамбоев, ки дар ғайриқонунӣ озод кардани саркардаи чеченитабори гуруҳи ҷиноӣ, Азиз Батукаев муттаҳам мешавад, хостори бозпурсии Рамазон Қодиров дар додгоҳ шуд, хабар додааст РИА Новости.

“Дар робита ба шоҳидии Шамил Отахонов, собиқ ноиби сарвазири Қирғизистон мо хостем, Рамазон Қодиров барои бозпурсӣ ба додгоҳ даъват карда шавад”, - изҳор дошт Слесарев.

Собиқ ноиби сарвазир Отахонов, ки дар қазияи озодсозии ғайриқонунии Батукаев айбдор мешавад,  хабар додааст, ки дар ин қазия Қодиров ба Отамбоев занг задааст.

Вакил гуфт, Отамбоев ба далели ҷавобгӯ набудани толори суд қаҳр карда рафт

Ба гуфтаи Отахонов, ба ивази раҳоии Батукаев раисиҷумҳури Чеченистон ваъда додааст, ки барои истирдоди Жаниш Боқиев, собиқ роҳбари Хадамоти давлатии муҳофизат ба Қирғизистон мусоидат хоҳад кард. Боқиев ғоибона дар Ватан барои ҷиноёти зиёд ба ҳабси якумрӣ маҳкум шудааст.

Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков на второй Консультативной встрече глав государств Центральной Азии в городе Ташкент (Узбекистан). 29 ноября 2019 года
© Пресс-служба президента КР / Султан Досалиев

“Тафтишот бояд ин шоҳидиро бисанҷад”, - изҳор дошт Слесарев. Ӯ афзуд, ки додрас дархости даъвати Рамазон Қодировро барои бозпурсӣ ба мурофиа рад кардаст.

Баррасии парванда дар мавриди озодсозии Батукаев, ки яке аз муттаҳамон дар он Отамбоев мебошад, пушти дарҳои баста идома дорад.

Парвандаи нав: Отамбоев барои содир кардани боз як ҷинояти дигар гумонбар дониста мешавад

Батукаев соли 2006 барои ташкили ошӯб дар яке аз муассисаҳои ислоҳии назди шаҳри Бишкек ба 16 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шуд. Дар ин ошӯб вакили парлумон - Тиничбек Акматбоев, сардори сарраёсати иҷрои ҷазо – Икматулло Полотов ва ду корманди дигари парлумон кушта шуданд.

Соли 2013 Батукаев бар асоси хулосаи тиббӣ, ки гӯиё мубталои саратони хуни дараҷаи охир мебошад, аз маҳбас озод гардида, баъди чанд соат шиносномаи нав гирифта, аз Қирғизистон берун шудаст.  

Мақомоти тафтишотии Қирғизистон бар инанд, ки дар озодии Батукаев мақомдорони баландпоя, аз ҷумла собиқ раисиҷумҳур Отамбоев даст доранд. Онҳо дар ташкили фасодкорӣ ба манфиати гуруҳи ҷиноӣ муттаҳам мешаванд.

Амалиёти боздошти Алмосбек Отамбоев моҳи августи соли гузашта сурат гирифт. Он замон тарафдорони собиқ президент монеи амалиёти боздошташ шуда, дар натиҷа миёни ҳар ду ҷониб тирпарронӣ сар зад, ки як кушта ва даҳҳо тан маҷруҳ барҷой гузошт. Дар пайи гуфтушунидҳо Отамбоев таслим шуда буд.

Барчаспҳо:
Рамазон Қодиров, ҷиноят, боздошт, парванда, Алмосбек Отамбоев, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ