23:41 25 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.51
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
514 0 0

Маъруф Муҳаммадзода, раиси Хуҷанд, гуфт, нақша дорад дар шаҳр паноҳгоҳ барои сагҳои бесоҳибро бунёд кунад, чун қир кардани онҳо аз нигоҳи табиати инсонӣ ҷоиз нест

ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Муҳаммадзода зимни нишасти матбуотӣ қир кардани сагҳоро хилофи табиатдӯстии инсон хонда, афзуд, чун як шаҳрванд, ҳамчун раиси шаҳри Хуҷанд хоҳони бунёди иншооте барои сагҳои дайду мебошад.

“Ман ҳамчун шаҳрдор инро дар нақша дорам. Барои анҷом додани ин кор ҳаракат мекунем ва барои ҳалли ин масъала, бо сохторҳои марбута корбарӣ мекунем”, - изҳор дошт раиси Хуҷанд.

Азми шаҳрдори Хуҷанд дар ҳолест, ки дар ин охирҳо, шумори сагҳои дайду дар маҳаллаҳои шаҳри марказии вилояти Суғд бештар шуда, бо мушкили дарёфти ғизо дар фасли сармо чанде аз сагҳои бесоҳиб ба сокинон ҳамла овардаанд.

Бино ба омори расмӣ, давоми як соли охир бештар 3 ҳазору 700 ҳолати осеб дидани сокинони Суғд аз захми дандони сагҳо ба қайд гирифта шудааст, ки дар бештар аз 220 чунин ҳолатҳо сокинони Хуҷанд қарор доштаанд.

Масъулони Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемологии вилояти Суғд аз афзоиши шумори сагҳои бесоҳиб зикр карда, афзуданд, ки дар фасли сармо таҳти назорат гирифтани ҳамаи онҳо кори ғариимкон аст.

Соли 2019 дар пайи муроҷиати сокинон аз сӯи ин комиссияи вижа дар Хуҷанд 717 саги дайду қир карда шудааст. Баъзеҳо мегӯянд дуруст аст, сагҳои дайду, ки як навъ паҳнкунандаҳои бемориҳо гуфта мешаванд, маҳв карда шаванд. Аммо бархе аз соҳибназарон мегӯянд, паррондани сагҳои бесоҳиб кори дуруст нест ва инро “як бераҳмӣ”-и инсонҳо нисбат ба ин ҷонвари табиат арзёбӣ мекунанд.

Шуморе ҳам аз ин азми барои сагҳо паноҳгоҳсозии Маъруф Муҳаммадзода ҷонибдорӣ намуда, таъкид меварзанд, ки ба ин васила дар шаҳр барои чанд нафар ҷои корӣ фароҳам мешавад.

Барчаспҳо:
Хуҷанд, Суғд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ