17:58 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
44910

Султонзода Сулаймон мегӯяд, тайи соли 2019 дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии 79 ҷинояти хусусияти коррупсионидоштаро ошкор кардаанд

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Агентии назорати давлатӣ молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти  Шокиров Сабзаалӣ, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ хабар медиҳад, ки қасд дошт 2 га заминро ба 90 ҳазор доллар фурӯшад.

Султонзода Сулаймон, раҳбари  Агентии назорати давлатӣ молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи кишвар ин нуктаро  имрӯз зимни нишасти матбуотии ин ниҳод изҳор дошт.

Ба иттилои манбаъ,  Шокиров Сабзаалӣ моҳи ноябри соли 2019 бо суиистифода аз мақоми хизматияш аз шаҳрванд Муҳиддинов барои ишғол намудани 2 га қитъаи замини корами обӣ ҷиҳати таъсиси хоҷагии деҳқонӣ 90 ҳазор доллар талаб намудааст.

Рахбари Агентӣ гуфт, Шокиров Сабзаалӣ ҳангоми  гирифтани 10 ҳазор доллар дастгир шуд.

Султонзода ҳамчунин гуфт, давоми соли гузашта 374 ҷинояти  фурӯши ғайриқонунии замин ошкор шудааст, ки бештари он ба вилояти Хатлон рост меояд.

Номбурда гуфт, ҷиноятҳои корупсионии хариду фуруши замин дар Суғд  127 ҳолат, Хатолон 149  Навоҳии тобеи марказ 79, Душанбе 19 ба қайд гирифта шуданд.  Ба иттилои манбаъ, ҷиноятҳои ҷойдошта ҳамчунин ба ноҳияи  Кушониён 56 адад, Рӯдакӣ 37, Панҷакент 32, Ашт 25, Бобоҷон Ғафуров 19, Шаҳритуз 18, Ваҳдат 16, Фаёзобод 14, Исфара 12, Турсунзода 11 ва Фархор 11 рост меояд.

Барчаспҳо:
Агентии коррупсия, боздошт, замин, ноҳияи Рӯдакӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ