19:51 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.49
  • RUB0.15
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
13668120

Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати вазорати корҳои дохила дар Суғд гуфт, масъалаи тақсимоти марз бо Қирғизистон ва терроризму экстремизм аз ду мушкилии аслии вилоят ба ҳисоб мераванд

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Генерал-майор Абдулло Навҷувонов, ин нуктаро имрӯз зимни нишасти матбуотии Раёсати вазорати корҳои дохила дар Суғд изҳор дошт.

Ба гуфти Навҷувонов, ба ҷуз ду мушкилӣ дар вилояти Суғд, дигар ягон масъала вуҷуд надорад.

"Дигар ҷиноятҳо, аз қабили дуздӣ ё авбошӣ аст, ки мо хоҳем нахоҳем содир мешаванд ва ин раванд дар дигар давлатҳо ҳатто дар Амрико низ рух медиҳад", - афзуд генерал. 

Номбурда гуфт, дар пайи муноқишаҳои марзӣ дар соли гузашта 16 парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда ва нисбат ба 27 шаҳрванди Қирғизистон кофтукоби ҷиноӣ эълон карда шудааст.

“Ба ҷуз ин, аз охирҳои моҳи декабри соли гузашта то охири моҳи январи соли ҷорӣ боз 6 парвандаи дигар, нисбати қирғизҳо барои даст доштан дар муноқишаи марзӣ, ифтитоҳ карда  шудааст",- афзуд сардори раёсати умури дохилии вилояти Суғд. 

Ба гуфти Навҷувонов, ҳаллу фасли ин гуна парвандаҳои марзӣ дар айни ҳол як кори мушкил аст, зеро дастгир кардани як қирғиз ба равобити ду давлат таъсири манфӣ расонида метавонад.

"Ин мушкилро барои мо, гузаштагонамон мерос гузоштаанд. Агар таърихро бардорем, дар гузашта ягон бор Бодканд қирғизнишин набуд. Гузаштагони мо, қирғизҳоро оварда дар он ҷо замину ҷой доданд, аммо имрӯз ин барои мо мушкилӣ шудааст", - тавзеҳ дод генерали тоҷик.

Бино ба иттилои расмӣ, соли 2019 дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар умум 14 муноқишаю тирандозӣ иттифоқ афтодааст, ки дар пайи он, 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистон кушта ва зиёда аз 60 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба иттилои сардори РВКД дар Суғд, соли гузашта 440 ҷинояти характери террористӣ ошкор карда шуда, 52 узви ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ экстремистӣ аз ҳисоби сокинони шаҳру навоҳии вилоят муайян ва дасгир карда шудааст.

Дар ин давра бо роҳи гузаронидани суҳбат ва вохуриҳои боварибахш, 170 аъзои иттиҳодияҳои ҷиноятӣ,  ҳизбу ҳаракатҳои эктремистӣ ва иштирокчиёни муқовиматҳои мусаллаҳонаи хориҷи кишвар ба ватан баргашта ва ба шуъбаву идораҳои умури дохилӣ ҳозир шуда аз бозгашти ихтиёрии худ хабар додаанд.

Абдулло Навҷувонов гуфт, ҳамаи нафарони ихтиёран баргашта, аз ҷавобгарӣ озод карда шудаанд.

Барчаспҳо:
терроризм, тақсимоти ҳудудӣ, Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, Суғд, Абдулло Навҷувонов

Мавзӯъҳои асосӣ