13:15 09 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.14
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
23801

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти қаллобе хабар медиҳад, ки мошини тамғаи "Тайота-Хайландер"-и сокини ноҳияи Айниро панҷ сол пеш нарх карда бурдаву пулашро надодааст

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тибқи иттилои ин ниҳод, марди 33-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ бо ҷурми қаллобӣ дастгир шудааст.

Манбаъ мегӯяд, боздоштшуда ба гумони фиреби сони ноҳияи Айнӣ муттаҳам гашта, зимни як амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир шуд.

"Номбурда соли 2015 дар кӯчаи Гипроземи пойтахт бо роҳи фиреб ба боварии марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ, даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи "Тайота-Хайландер"-ро ба маблағи 25 ҳазор доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст",-афзудааст манбаъ.

Дафтари матбуотии ВУД мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
мошин, қаллоб, боздошт, ВКД, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ