"Пранк"-е, ки оқибаташ вой шуд: блогери тоҷикро 7 соли зиндон таҳдид мекунад

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗадержание, наручники
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кароматулло  Ҷабборов, блогери тоҷикро, ки дар бораи коронавирус дар метрои Маскав навори шӯхиомез ё "пранк" кард, то 7 соли зинда таҳдид мекуна

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар ин бора Роман Шахматов,  вакили дифои Ҷабборов иттилоъ дода, гуфтааст, Ҷабборов қаблан танҳо ба авбошӣ маҳкум мешуд, ҳоло бошад ба авбошӣ бо маслиҳати пешакӣ муттаҳам мешавад.

Арест, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон
Коронавирус, гурезед! ҷавони тоҷик дар метро пранк карду ба ҳабc рафт - Видео

Ба иттилои манбаъ, айбномаи Кароматулло  Ҷабборов  аз қисми яки моддаи 213-и Кодекси ҷиноии Русия ба қисми 2-и ҳамин модда иваз карда шудааст, ки бар асоси он блогери тоҷик натанҳо ба авбошӣ, балки ба авбошӣ бо маслиҳати пешакӣ айбдор мекунанд.  Ба гуфти ӯ, бар асоси айбномаи нав Кароматуллоро 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Кароматулло  Ҷабборов , блогери тоҷик санаи 8 феврал боздошт ва аз ҷониби додгоҳи Черёмушкии шаҳри Маскав ба як моҳ ҳабси пешакӣ гирифта шуда буд.

Ирина Волк, намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия  қазияро шарҳ дода гуфтааст, шарикони ҷабборов, ки дар “пранк” иштирок карданд, дар пайгард қарор доранд.

Ба гуфти ӯ, Кароматулло  Ҷабборов  дар додгоҳ айбнома алайҳашро рад карда, дархост кардааст, ки ӯро ба боздоштгоҳи муваққатӣ (СИЗО) нафиристан.

Тавре дар видеое, ки  дар интернет паҳн шудааст, дида мешавад, ҷавони тоҷик дар даҳонаш ниқоб вориди вагон мешаваду худро ба фарш мепартояд ва ба дасту по задан медарояд.

Иштироркдори дувуми пранк, ин вақт фарёд мезанад, ки "коронавирус инҷост, зудтар гурезед!" ва мусофирон дар ҳоли парешон аз вагон фирор мекунанд.

Вакили дифои Ҷабборов он замон шӯхии ҷавонро чун кӯшиши ҷалб кардани диққати мардум ба маризӣ маънидод карда буд.

"Ин роликро аз дигар шӯхиҳо алоҳида тамошо кардан мумкин нест. Онҳо дар мағозаҳо низ навор гирифта, аз мардум пурсидаанд, ки оё дар бораи коронавирус маълумоте доранд. Дар дорухонаҳо низ видео гирифтаанд, ки ниқобро бо нархи гарон мефурӯхтанд. Онҳо мехостанд диққати мардумро ба ин беморӣ ҷалб кунанд ва ин ҷо мақсади ҷиноят дида намешавад", - гуфтааст вай.

Лентаи хабарҳо
0