18:07 03 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.64
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
205 0 0

Тоҷикистонро дар ин ҷаласа, полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор намояндагӣ карда, доир ба мубориза бо ҷинояткорӣ таклифу пешниҳодҳо кардааст

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Рӯзи 26-уми марти соли 2020 дар шаҳри Маскав дар доираи омодагӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳо – аъзои ИДМ, ки дар Ҷумҳурии Арманистон ба нақша гирифта шудааст, ҷаласаи коршиносони Вазоратҳои корҳои дохилии (Политсияи) давлатҳои ИДМ аз ҷониби Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ (БКБОП) ташкил ва баргузор гардидааст.

Бино ба гузориши ВКД, дар кори ҷаласа коршиносони Вазоратҳои корҳои дохилии Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат намудаанд.

Оид ба натиҷаҳои вохӯрӣ лоиҳаи қаблии рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои дохилии давлатҳои ИДМ дар самтҳои зерин мувофиқа карда шудааст:

  • ҳамкории давлатҳо – аъзои ИДМ оид ба масъалаҳои барасмиятдарории шаҳодатномаҳо барои бозгашт ба шахсоне, ки маҷбурӣ берун карда мешаванд;
  • фаъолияти ташкили заминавии ИДМ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ;
  • мубодилаи иттилоот байни мақомоти салоҳиятдори давлатҳо - аъзои ИДМ ва мақомоти ИДМ дар соҳаи амният ва тартибот оид ба масъалаҳои мубориза бо ҷинояткориҳои фаромиллӣ;
  • ташаккул, истифода ва афзалиятҳои рушди Махзани иттилоотии байнидавлатӣ;
  • муқовимат ба эҳтимолияти истифодаи асъори крек (криптовалют) бо мақсадҳои ҷиноятӣ дар ҳудуди давлатҳо – аъзои ИДМ.

Мавриди қайд аст, ки дар ин ҷаласа муовини мудири Бюрои ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва дигар намуди ҷиноятҳои хавфнок дар ҳудуди ИДМ аз Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон полковники милитсия Фаттозода Абдусаттор Абдуқаҳор иштирок намуда, доир ба масъалаҳои мазкур як қатор таклифу пешниҳодҳои судманд баён намудааст.

Барчаспҳо:
ҷаласа, ВКД, ВКД, ИДМ, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ