Толибон гуфтанд, аъзои раҳошудаашон аз зиндон ба майдони ҷанг барнамегарданд

© AP / Rahmat GulБойцы "Талибана" в Провинции Нанганхар, архивное фото
Бойцы Талибана в Провинции Нанганхар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Созмони террористии Толибон, ки дар Тоҷикистону Русия мамнӯъ мебошад, эълон кард, аъзои ин гуруҳ, ки аз зиндонҳои Афғонистон озод мегарданд, ба майдони ҷанг барнамегарданд

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Сухангӯи Дафтари сиёсии гурӯҳи Толибон дар Қатар эълом кард, ки зиндониёни ин гурӯҳ пас аз озодӣ аз зиндонҳои давлати Афғонистон ба майдонҳои ҷанг боз нахоҳанд гашт.

Боевики движения Талибан - Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Афғонистон: Толибон иродаи воқеӣ барои барқарории сулҳ надоранд

Пеш аз ин, Ҷовид Файсал, сухангӯи Дафтари Шурои амнияти миллии Афғонистон гуфта буд, ки бар асоси фармони Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисиҷумҳури ин кишвар, раванди озодии тадриҷӣ ва машрути зиндониёни Толибон оғоз мешавад, аммо то кунун ин раванд шуруъ нашудааст, хабар дод Парстудей.

Ба иттилои манбаъ, музокира байни намояндагони давлати Афғонистон ва ҳайати Толибон ҳафтаи гузашта дар Кобул барои озодии зиндониёни ду тараф ва дар ниҳоят ба манзури барқарории оташбас ва поёни ҷанг оғоз шудааст ва ҳамчунон идома дорад.

Гурӯҳи Толибон хоҳони озодии панҷ ҳазор зиндонии худ дар муқобили озодии зиндониёни давлати Афғонистон аст. Қаблан ин гуруҳ инчунин созиши сулҳ бо ИМА-ро имзо кард, ки бар асоси он нерӯҳои амрикоӣ бояд қаламрави Афғонистонро тарк кунанд.

Лентаи хабарҳо
0