10:03 29 майи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.27
  • EUR11.35
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
243 0 0

Давлати Ӯзбекистон барои таксиронӣ дар муддати маҳдуд иҷозаи фаъолият дод. Таксиронҳои Ӯзбекистон барои чанд соат саҳар ва шомгоҳон ҳаққи кор доранд

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Мақомоти Ӯзбекистон ба ронандагони таксиҳо аз соати 7 то 10 ва 17 то 20 иҷозаи фаъолият доданд, хабар дод “Парстудей”.

Ба иттилои манбаъ, ронандагони таксиҳо фақат метавонанд ба муассисоти пизишкӣ, дорухонаҳо, фурӯшгоҳҳо ва бозорҳо рафтуомад кунанд. Ронандагони таксӣ дар мавқеи тараддуд бояд мадорики ҳуввиятии худро ҳамроҳ дошта бошанд.

Бар асоси ин гузориш, ҳамчунин шаҳрвандони ин кишвар низ аз соати 7 то 10 ва 17 то 20 метавонанд аз мошинҳои шахсии худ истифода кунанд.

Инчунин Ӯзбекистон шурӯъ аз 30 апрел ҳаракати нақлиёти боркашро тариқи қаламраваш иҷозат дод.

Ба иттилои Вазорати нақлиёт,  ҳаракати нақлиёти боркаш  танҳо ҳоло тавассути се гузаргоҳи марзӣ - Саросиё, Ойбек ва Плотина иҷозат дода шудааст.

Гуфта мешавад,  ҳангоми убури сарҳад кормандони хадамоти гумруки Ӯзбекистон ба ронандагон масири ҳаракатро бо нишон додани ҷойҳое, ки таваққуф кардан ва харидорӣ кардан мумкин бошад, пешниҳод мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ронандагони мошинҳои транзитӣ дар Ӯзбекистон дар таваққуфгоҳҳои махсус бояд аз санҷиши коронавирус гузаранида шаванд.

Барчаспҳо:
мошин, такси, Ӯзбекистон

Мавзӯъҳои асосӣ