Пеши роҳашро гирифту ишораи таҳқиромез кард: шикояти духтари ҷавон ва муҷозоти ронанда

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикские милиционеры, архивное фото
Таджикские милиционеры, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нисбати ронандаи дағал бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол гардид

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Рӯзи 22-юми май як ҷавондухтар, сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли расми автомашинаи тамғаи "Хундай", рақамҳои қайди давлатиаш 1953 ТТ 05 мусофирбари ширкати "Olu4a Taxi" аз  милитсияи пойтахт хоҳиш намуд то нисбати ронандаи автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шаванд, хабар медиҳад РВКД дар шаҳри Душанбе.

Автомобиль милиции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Корбари Фейсбук шикоят карду ВКД ҷазо дод: БДА ба ронандаи бадахлоқ огоҳӣ дод

Ин ниҳод аз қавли муроҷиаткунанда мегӯяд, рӯзи 22-юми май ҳангоми дар кӯчаи Н. Муҳаммад, назди собиқ бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе тариқи велосипед ҳаркат доштан, ронандаи автомашинаи мазкур монеи ҳаракати ӯ шуда, ҳамзамон нисбаташ ҳаракати таҳқиромез нишон дода, шаъну шарафашро паст задаст.

Муроҷиати мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таҳти санҷиш ва баррасии ҳаматарафа қарор дода, муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Самадзода Сомон Шарофатулло, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.

"Бо назардошти он ки дар ҳаракатҳои шаҳрванд Самадзода Сомон аломатҳои кирдори майдаавбошона дида мешавад, нисбаташ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол гардид", - омадааст дар хабарнома. 

Бино ба иттилои манбаъ, додгоҳ дар навбати худ рӯзи 23-юми май нисбати ронанда ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ намудааст.

Ҳамзамон номбурда ҷиҳати  минбаъд ба чунин амалу кирдори хилофи қонун даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0