07:24 04 июли 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR11.57
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
116502

Теъдоди умумии афроде, ки дар иртибот бо терророризм ва ифротгароӣ гумонбар мешаванд, давоми соли ахир қариб ду баробар зиёд шудааст

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Дар Тоҷикистон рӯйхати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо терроризм алоқаманданд, нав карда шуд, хабар медиҳад Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҳамин тариқ, шумораи умумии афрод, ки дар робита бо террористон ва экстремист гумонбар мешаванд, нисбати соли гузашта қариб ду баробар зиёд шудааст. Агар як сол пеш 1356 нафар ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар ҳоли ҳозир - 2647 нафар аст.

Моҳи апрели соли гузашта ин рӯйхат ду қисм, нахуст афроди воқеие, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҳамчун “шахсони бо терроризм алоқадошта” ва дуввум “шахсони бо ифротгароӣ дастдошта” ҷудо шуда буд

Ҳамакнун, танҳо як рӯйхат вуҷуд дорад, ки ба он 15 созмону ташкилотҳои террористӣ ва экстремистиро, ки дар Тоҷикистон манъ карда шудаанд, шомиланд, ки аз ин қабиланд:

"Ал-Қоида", "Ихвон ул-Муслимин (Бародарони мусалмон)", "Лашкари-Тайиба", "Ҳаракати Толибон", "Ҳаракати исломии Ӯзбекистон", "Давлати исломии Ироқу Шом", "Ҷабҳат ан-Нусра", "Ҷамоати Ансоруллоҳ", "Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон", "Ҷамъияти Исломӣ", "Паймони миллии Тоҷикистон", "Ҷамъияти Таблиғ", "Даъват ба ислом", "Тоҷикистони озод", "Гурӯҳи 24".

Қаблан Бонки миллии Тоҷикистон дар як баёнияи худ эълон кард, ки рӯйхати шахсони ба терроризм алоқамандро Бонк тартиб намедиҳад, чунки он аз ҷониби мақомоти дахлдоре, ки бар зидди терроризм мубориза мебрад муайян карда мешавад.

“Тартиб додани рӯйхати шахсони бо терроризм алоқаманд дар салоҳияти Бонки миллии Тоҷикистон нест”, - зикр намудааст бонки миллии Тоҷикистон.

Ҳамзамон БМТ қайд намудааст, ки Тартиб мутобиқи талаботҳои Қатъномаҳои Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид (ША СММ), Гурӯҳи тадбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ), қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” ба роҳ монда шудааст.

 

Мавзӯъҳои асосӣ