Лукашенко нақл кард, ки чӣ гуна дӯсташ Раҳмон вориди Душанбе шуд, то тартибот ҷорӣ кунад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Беларуси Александр Лукашенко
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, дар пайи таъйини ҳукумати нави кишвараш изҳор дошт, ки аз ҳама муҳим ҳифзи сулҳу субот мебошад

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Лукашенко зимни суханронияш баъди таъйини ҳукумати нав изҳор дошт, ки Белорус ягона кишвари пасошӯравӣ аст, ки мусибатро надид.

Доллары - Sputnik Тоҷикистон
Сад рубл барои як доллар: таҳлилгарон дар бораи бадтарин сенарияи пандемия гуфтанд

Ӯ аз ҷумла танишҳо дар Украина, Гурҷистон, Молдова, Озарбойҷону Арманистон, Литваро зикр карда, солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро мисол овард.

Лукашенко нақл кард, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо нерӯи низомӣ вориди Душанбе шуд, то тартиботро ҷорӣ кунад, хабар дод нашрияи "Беларусь сегодня".

“Касе намедонад, ки чигуна дӯстам Раҳмон бо пулемёт вориди пойтахти Тоҷикистон шуд, то тартиботро ҷорӣ кунад. Чандин нафар он ҷо мурд. Чигуна бо ришдорҳо мубориза мебурданд”, - гуфт Лукашенко.

Раисиҷумҳури Белорус инчунин аз он нақл кард, ки чигуна Ислом Каримов, раисиҷумҳури пешини Ӯзбекистон дар Андиҷон бо парондани ҳазор нафар ошӯбро шинонд.

“Ҳама ӯро маҳкум мекарданд, аммо вақте фавтид, ба зону зада фиғон бардоштанд, гиря мекарданд. Мо чунинро аз сар нагузарондаем ва намехоҳем онро дарк кунем. Бархе намехоҳанд, аммо мо ёдрас мекунем”, - гуфт Лукашенко.

Раисиҷумҳури Белорусия дар ҳузури ҳукумати ҷадиди кишвараш аҳамияти ҳифзи сулҳу суботро таъкид намудааст.

Лентаи хабарҳо
0