Эълони номи 12 полковнику генерали навтаъйин: насиҳати Раҳмон барои расидагӣ ба муроҷиатҳо

Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки дар мувофиқа бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мақомоти умури дохилӣ тағйироти кадрӣ амалӣ карда шуд

ДУШАНБЕ, 15 июн - Sputnik.  Тибқи иттилои ВУД, аз ҷумла полковники милитсия Раҳмонзода Саиднахш Ҳаким, муовини вазири корҳои дохилӣ,  полковники хизмати дохилӣ Умарзода Бахтиёр, сардори Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Кистанд 58 ҷавоне, ки бори нахуст ба мақоми судя таъйин шуданд?

Генерал-майори милитсия Маҳмадшозода Шералӣ Азам, сардори “Шаҳри бехатар” ё худ Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии РБДА таъйин шуд.

Манбаъ афзуд, ки полковники милитсия Юнус Бобозода Назар, мақоми сардори Раёсати таъминоти моддӣ-техникӣ ва низомии ВКД Ҷумхурии Точикистон ва подполковник Насриддинов Собирҷон Рамазонович, вазифаи сардори Раёсати сохтмони асосии ВКД-ро гирифтанд.

ВУД дар қатори сардорони нави милиса дар ВМКБ, Суғд ва Хатлон аз ҷумла номбар кардааст.

  • - полковники милитсия Сафарзода Мирзо Нуралӣ, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • - полковники милитсия Иброҳимзода Иброҳим Абдусалом, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • - полковники милитсия Саидзода Зафар Саид, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • - полковники милитсия Зикриёзода Ҷурахон Гадохоҷа, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Рушони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • - полковники милитсия Қосимзода Илҳомҷон Обид, Сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд;
  • - подполковники милитсия Ҷолизода Рушон Шоалӣ, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон;
  • - подполковники милитсия Ҳотамзода Саидаҳтам Саидмукарам, сардори Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд.

Эмомалӣ Раҳмон, зимни мулоқот бо кадрҳои навтаъйин, онҳоро ба хизмати поквиҷдонона, расидагӣ ба муроҷиати шаҳрвандон ва зиракию таъмини амният даъват кардааст.

“Дар иртибот ба авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ мо бояд ҳушёру зирак бошем, манфиатҳои миллиро ҳимоя намоем, ба муроҷиатҳои шаҳрвандон саривақт чораҷӯӣ намуда, амнияту суботро дар мамлакат таъмин намуда, иҷрои нақша ва барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳуриро саривақту сифатнок таъмин намоем”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0