11:21 11 августи 2020
Пахши мустақим
  • USD10.31
  • EUR12.13
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
1267 0 0

Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон хабар додааст, ки сафири ин кишвар ба Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кардааст.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Бино ба иттилоияе, ки ин сафорат дар сафҳаи фейсбукии худ пахш кардааст, рӯзи душанбе Муҳаммад Зоҳир Ағбар, сафири ва намояндаи фавқулъодаи Афғонистон дар Тоҷикистон бо иттифоқи Назруллоҳ Валиев, раиси равобити хориҷии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон озими Вилоят мухтори Кӯҳистони Бадахшон шудаанд.

"Ин сафар ба ҳадафи боздид аз вазъи таҳкими сарҳадоти муштараки ду кишвар, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва иттихози тадобири амниятӣ ва анҷоми корҳои муштараки низомӣ дар муқобили ҳамалот ва таҳрикоти низомии Толибон сурат гирифтааст", - омадааст дар иттилоия.

Бино ба он, ҳайатҳо ба маҳзи он ки вориди Қалъаи хумб, маркази ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшони Тоҷикистон гардиданд, аз сӯи Бурҳон Абдураҳмонов, раиси ин ноҳия ва соири масъулини он ба мавриди истиқбол қарор гирифтанд ва баъдан дар зиёфат, ки ба ифтихори вуруди ҳайат тартиб ёфта буд, иштирок варзиданд.

"Мутаоқибан ҳайати идории вулусволии Нусайи вилояти Бадахшони Афғонистон иборат аз Муҳаммад Иброҳим Қаюмӣ, вулусвол, Абдуллоҳ Асадӣ, комиссари сарҳадӣ ва масъулини амниятӣ аз фарози пули муштарак (Рузвай – Нусай) убур намуда, зимни адои эҳтиром ва ташрифоти лозим дар ҷаласаи амниятӣ ва арзёбии вазъият иштирок намуданд", - хабар медиҳад сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон.

Бино ба ин иттилоия, раиси ноҳияи Дарвоз ва узви Маҷлиси миллии Тоҷикистон изҳор доштааст, ки барои аввалин бор аст, ки сафир ва намояндаи фавқулодаи Афғонистон ҷиҳати боздид аз сарҳадот ва эҷоди барномаи муштарак барои масъулини амниятии ҳар ду кишвар ташриф меоварад ва мо аз ин ибтикор ҳимоят мекунем.

"Имрӯз сешанбе, 21 июн, сафари ҳайат таҳти раёсати сафири кабир ва намояндаи фавқулодаи Афғонистон ба сӯи Ванҷ ва баъдан ба шаҳри Хоруғ, маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон идома ёфта ва ҷаласоти таҳлилии аазъи амниятӣ ва анҷоми поракорҳои муртабит ба умури иҷтимоӣ ва фарҳангӣ баргузор гардад", - омадааст дар иттилоия.

Ҳамзамон дар сафҳаи сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон аз мулоқоти як рӯзи қабли сафири ин кишвар бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст.

Бино ба ин хабар, 20 июн Муҳаммад Зоҳир Ағбар бо Саидмуъмин Ятимов дар мақарри идораи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мулоқот анҷом додаанд.

"Дар ин мулоқот равобити Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаҳои амниятӣ ва низомӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта, перомуни ҳамкории ниҳодҳои зирабти Афғонистон ва Тоҷикистон дар заминаи таъмини амнияти сарҳадот ва мубориза бо терроризму қочоқи маводи мухаддир батафсил табодул назар сурат гирифт", - омадааст дар хабар.

Ин мулоқотҳо дар ҳоле анҷом гирифтаанд, ки имрӯз, 22 июн, дар ҷаласаи Шӯрои амнияти Тоҷикистон низ масъалаи мураккаб гаштани вазъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон, дар минтақаи ҷанубии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот супориш дод, ки барои таъмини амнияти давлату миллат дар минтақаи сарҳади давлатии ҳамҷавори Тоҷикистон бо Афғонистон тадбирҳои мушаххас андешанд.

Мавзӯъҳои асосӣ