17:05 26 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.02
  • RUB0.13
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
194 0 0

Русия бар ин аст, ки 75 дарсади ҳамаи ҳамлаҳои хакериро дар ҷаҳон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амалӣ мекунад

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. ИМА ва шариконашон амалҳои ҷосусиро дар фазои киберии дигар кишварҳо бештар менамояд, изҳор дошт муовини раиси Шӯрои амнияти Русия Олег Храмов.

"Аз ҷониби дигар, Русия, Чин, Куреи Шимолӣ ва Эронро манбаъи асосии таҳдиди киберӣ эълон мекунанд", - гуфт ӯ дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Аргументы и факты".

Ба гуфти мусоҳиб, бо чунин роҳ ИМА "симои расонаиро мақсаднок шакл медиҳад", ки барои асоснок кардани ҳар амали иғвогаронаи худ дар назари ҷамъияти ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.

Ӯ қайд кард, ки натиҷаи "ба таври сунъӣ шиддатнок кардани авзоъи расонаӣ", ба шиддат гирифтани муносиботи байналмилалӣ рушд накардани иқтисоди ҷаҳон, таҳримҳо ва шикасти боварӣ ба рақамкунонӣ оварда мерасонад.

"Дар чунин шароит бояд барои худтаъминкунии рақамии давлатҳо ҳайрон нашуд. Ин аз талаботи таъмини амнияти соҳибихтиёрии давлат, дар асри рақамӣ бармеояд", - изҳор дошт Храмов.

Ба гуфти муовини раиси Шӯрои амният, аксари ҳамлаҳои киберӣ аз ҷониби ИМА анҷом дода мешаванд.

"Амрикоиҳо дар омори фаъолияти зарарнок дар мақоми аввал ҷой гирифтаанд: ин нишондод соли  2016- 40% ва соли 2019 - 75% - ро ташкил дод ", - гуфт ӯ.

Ба гуфти Храмов ин нишондод дар "Русия аз 2% то 7 дарсадро ташкил медиҳад".

"Ин арқоме, ки дар дастрасии озод ҳастанд ва дар Урупо ба ҳеҷ ваҷҳ расонаӣ намешаванд ба ҳар инсони бофикр бепоя будани таҳдиди сартосарии киберии Русияро нишон медиҳанд",- қайд кард мусоҳиб.

Храмов бар ин аст, ки Маскав бояд нисбат ба рушди имконоти киберии ИМА бар зидди Русия, чораандешӣ кунад.

"Аз охирин аксияҳо, метавон хабарҳои бесос дар расонаҳои Гурҷистонро моҳи октябри соли 2019 мисол овард, ки Русияро бидуни далел дар ҳамлаи киберӣ ба мақомоти давлатии ин кишвар айбдор карданд".

Ба гуфти Храмов, ба ҳамин монанд айбдориҳо нисбати Русия барои ҳамлаи киберӣ ба обектҳои тандурустии Чехия, ки бар зидди коронавирус мубориза мебаранд, буданд.  "Хакерҳои Русия" - ро ҳамчунин дар кӯшиши дарёфти дастрасӣ ба пойгоҳҳои таҳиякунандагони ваксинаи COVID -19 дар ИМА, Бритониё ва Канада, гунаҳкор мекунанд.

Храмов ҳамчунин таъсири Русияро ба интихоботи ИМА қайд кард. "Ин масъала дар муқобилияти доираҳои сиёсии Амрико чун баҳонаи хубе шуда буд", - афзуд ӯ.

Ӯ ёдрас шуд, ки президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи оғози ҳамлаи киберии пинҳонӣ ба Ожонси пажӯҳиши интернети Русия, ки аз ҷониби мақомоти Амрико беасос чун паҳнкунандаи ахбори дахолаткунанда тасвир шуд, дастур дод.

"Далели ин ҳамлаҳоро Доланд Трамп чанде пеш ошкоро дар суҳбат бо "Вашингтон пост" иқрор шуд", - гуфт Храмов.

Дар баробари ин, бино бар гузориши тозаи нашршуда, соли 2018 президенти ИМА ба Хадамоти ҷосусии ин кишвар ба истилоҳ ЦРУ, дар алоқамандӣ ба ҳамлаҳои хакерӣ ваколатҳои баландтар дод.

Ҳамаи ин ба гуфти Храмов, ба зарурати андешидани чораҳои муҳофизатӣ, мувофиқи муқаррароти амнияти иттилоотӣ ва қонунгузории Русия таъкид менамояд.

Барчаспҳо:
ИМА, хатари киберӣ, ҳамла, амният, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ