14:57 20 сентябри 2020
Пахши мустақим
  • USD10.33
  • EUR12.22
  • RUB0.14
Амният
Гирифтани линки кӯтоҳ
303 0 0

Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо Иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи Афғонистон Ассадулло Холид дидору мулоқот кардааст

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати мудофиаи Афғонистон, мулоқоти Ятимов бо  Ассадулло Холид рӯзи 10 сентябр дар Кобул доир гаштааст.

Ба иттилои манбаъ дар мулоқот раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо иҷрокунандаи вазифаи вазири мудофиаи Афғонистон масоли ҳамкориҳои наздисарҳадӣ, мубориза бо терроризм ва барқарор кардани сулҳ дар сарзамини Афғонистон баррасӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, Ассадулло Холид аз ҳамкориҳо бо  Тоҷикистон дар бахшҳои гуногун изҳори миннатдорӣ кардаву ба зарурати идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаро таъкид кардааст.

Ҷузъиёти бештари мулоқоти ду ниҳоди баландпояи амниятии кишварҳо наҳшр нашудааст.

Ёдовар мешавем, рӯзи гузашта ҳукумати Тоҷикистон бо нашри як изҳорот сӯиқасд ба ҷони муовини аввали президенти Афғонистон Амрулло Солеҳро маҳкум кард.

Дар изҳорот гуфта мешавад: “Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амали нангини террористиро, ки субҳи 9 сентябри 2020 дар Кобул бар зидди Муовини аввали Раиси Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Амруллоҳ Солеҳ сурат гирифта, дар натиҷаи он шуморе аз мардум ҷон бохтанд ва захмӣ шудаанд, шадидан маҳкум менамояд”.

Ҳамла ба Амруллоҳ Солеҳ субҳи рӯзи 9 сентябр дар майдони Таймани Кобул сурат гирифт, ки он дар пайи қурбониву захмӣ дошт.

 

 

Барчаспҳо:
амният, Афғонистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ